Дарёфт ва мусодираи зиёда аз 34 кило маводи нашъадор

Декабрь 17, 2015 09:10

Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 9 декабри соли равон аз ҷониби кормандони милитсия дар кӯчаи А.Дониши шаҳри Душанбе мошини тамғаи “Тайота-Ланд-Крузер”, таҳти идораи ронанда, марди 37-солаи сокини шаҳри Хоруғ боздошт шуд. Дар вақти азназаргузаронии мошини мазкур аз дохили борхалтаи варзишии мусофир, ҷавони 19 сола, донишҷӯи бахши 3 Донишгоҳи геологияи шаҳри Хоруғ  10 килою 710 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш  дарёфт ва мусодира шуд. 
15 декабри соли равон, зимни чорабиниҳои фаврӣ- ҷустуҷӯӣ дар назди маркази савдои “Мардон”, воқеъ дар кӯчаи Борбади шаҳри Душанбе, марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд. Ҳангоми азназаргузаронии мошини шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”, аз дохили борхалтааш 990 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира гардид. 
Инчунин ҳангоми азназаргузаронии хонаи хоҳараш- зани 40 солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, аз дохили анборхона 22 килою 680 грамм маводи нашъадори навъи афюн дарёфт ва мусодира шуд.
Дар маҷмӯъ 34 килою 380 грамм маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира гардид. 
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Декабрь 17, 2015 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд