Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод — 2016 тайёрӣ мебинад
Душанбе, 24.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол тайёриро ба Ҷоми Иттиҳод — 2016, ки аз 17 то 23 январ шаҳри Санкт — Петербург баргузор мешавад, идома медиҳад.
Тавре ки дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дастаи футболбозони ҷавони Тоҷикистон ба мусобиқоти Санкт — Петербург дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе омодагӣ мегирад. Машқҳо мувофиқи нақшаи таълимӣ роҳандозӣ шуда, то 30 декабр идома меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки шогирдони Роман Пилипчук дар сабқати гурӯҳии Ҷоми Иттиҳод — 2016 дар гурӯҳи «В» бо дастаи Русия, Латвия ва Эстония қувваозмоӣ менамоянд.
Вохӯриҳо барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод, ки дар он футболбозони соли таваллудашон 1994 ва ҷавонтар аз он ҳуқуқи иштирок карданро доранд, дар маҷмааи варзишии «Олимпийский» — и шаҳри Санкт — Петербург сурат мегиранд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






