Дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҷоми Иттиҳод — 2016 — ро бо вохӯрӣ бо дастаи мунтахаби Русия оғоз менамояд
Душанбе, 24.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҷадвали бозиҳои мусобиқоти анъанавии байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод — 2016 маълум гардид. Ин мусобиқот, ки дар он ҳашт дастаи мунтахаби ҷавонон иштирок менамоянд, аз 17 то 23 январ дар шаҳри Санкт — Петербург баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи қуръапартоӣ ба гурӯҳи «В» ворид шуд, ки дар он дастаҳои Латвия, Эстония ва Русия ҳарифонаш ба шумор мераванд. Дар гурӯҳи «А» дастаҳои Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон ва Молдова қувваозмоӣ мекунанд.
Дастаи мунтахаби кишвар 17 январ бо дастаи мунтахаби Русия, 19 январ бо дастаи Эстония ва 21 январ бо дастаи мунтахаби ҷавонони Латвия қувваозмоӣ менамояд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи «Петербургский» баргузор мешаванд.
Мувофиқи тартиботи Ҷоми Иттиҳод — 2016 ғолибони гурӯҳҳо дар вохӯрии ниҳоӣ иштирок менамоянд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуюмро ишғол мекунанд, барои ба даст овардани медалҳои нуқра қувваозмоӣ менамоянд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои сеюмро касб мекунанд, барои дарёфти мақоми панҷум бо ҳам вомехӯранд.
Маросими ботантанаи ифтитоҳи мусобиқот 17 январ ва хатми он 23 январ сурат мегирад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






