Дастгир гардидани гумонбар ба дуздӣ

Декабрь 23, 2015 04:30

Душанбе,23.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -5- уми декабр дар автовокзали маҳаллаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили борхалтаи сокини 31-солаи ноҳияи Айнӣ ҳангоми хоб буданаш, маблағи пулии 1000-сомонӣ, як телефони мобилии тамғаи “Нокия С-5”, либос ва молу ашёи рӯзгор, ҷамъ ба маблағи умумии 2018 сомониро дуздида,  аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ пас аз чанд рӯз бо гумони дуздӣ сокини 45- солаи шаҳри Хуҷанд дастгир шуд. Далелҳои шайъӣ қисман гирифта шуданд. 
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Декабрь 23, 2015 04:30

Хабарҳои дигари ин бахш