Дастгир гардидани зани қаллоб
Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар)- Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 41-солаи сокини шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд. Гумонбаршуда моҳи январи соли 2015 бо роҳи фиреб ба бовари сокини 49-солаи ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст.
Номбурда бо ҳамин роҳ ба бовари сокини 49-солаи шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 21 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, барнагардонидааст.
Инчунин ба бовари сокини 34-солаи ноҳияи А.Ҷомӣ даромада, аз ӯ 5000 доллари амрикоӣ гирифта, маблағро барнагардонидааст.
Номбурда дар маҷмӯъ, бо роҳи фиреб аз шаҳрвандон 36 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст. Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






