Эмомалӣ Раҳмон Пешвои арзандаи миллати тоҷик аст
Душанбе, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-16 декабри соли 2015 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кормандон баргузор гардид.
Раиси кумита Хайрулло Ибодзода зимни вохӯрӣ гуфт, ки: «Мардуми шарафманди тоҷик роҳи тайнамудаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Роҳбари давлат бо тамоми ҳастӣ ва воқеъбинона дарк мекунанду баҳо медиҳанд, ки он роҳи мушкилу пурпечу тоб, вале роҳи пурифтихору пур аз комёбӣ аст.
Дар вохӯрӣ аксарияти иштирокдорон, аз ҷумла сардорони Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ Раҳматулло Хайруллоев, бахши обуҳавошиносӣ Валихуҷа Қурбонов ва шоири маҳбуби мардумӣ Шаҳрия Аҳтамзод ба чунин унвони расмӣ ва эҳтиром пешниҳод гардидани Сарвари сулҳпарвару адолатхоҳ Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба пуштибонӣ намуда, мавсуфро арзанда ба мақоми Пешвои ҳақиқии миллат донистанд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки ғамхориву талошҳои ҳаррӯзаи Роҳбари давлат танҳо ба хотири тараққиёту пешрафти Ватани азиз, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст ва барои ҳамин ҳам Ҷаноби Олӣ сазовори унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аст.
Ҳамчунин ҳайати иштирокдорони вохӯрӣ барои пешниҳоду қабули қонуни мазкур аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории хешро баён намуда, изҳор доштанд, ки қабули ин қонун хоҳишу матлаби кулли мардуми Тоҷикистон мебошад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






