“Эмомалӣ Раҳмон — шоиставу сазовори унвони Пешвои миллат аст”
Муроҷиатнома
ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
“Эмомалӣ Раҳмон — шоиставу сазовори
унвони Пешвои миллат аст”
Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар»). – Тоҷикони бурунмарзӣ ҳеч гоҳ худро аз равандҳои дохилии Тоҷикистони азиз дар канор нагирифтаву мо шабу рӯз барои бақои сулҳу субот, пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ватани таърихиамон дасти дуо мебардорем. Ин нукта як амри табиӣ мебошад, зеро мо тоҷикони аз марзҳои кунунии давлатдории Тоҷикистон берунмонда, ба хубӣ медонем, ки танҳо пешрафтҳои бардавоми ҷумҳурӣ метавонанд рӯзгори моро дар оянда равшану мунаввар созанд.
Ин фармуда ҳамин тавр як гапи хушку холӣ нест, балки ҳақиқатест, ки мо дар сарнавишти начандон дури худамон дидему мазаи талхи онро чашидем. Даргириҳои бемаънии аввалҳои солҳои 90-уми қарни гузашта, ки дар Тоҷикистон ба вуқуъ омаданд, боиси сархамӣ ва афсурдагии мо, тоҷикони Қирғизистон гардиданд. Худои бузургро шукргузорем, ки хиради азалии халқи тоҷик пирӯз шуд ва Тоҷикистони азизамон дубора ба суботу ҳамдастӣ ва ваҳдати миллӣ даст ёфт. Аз дарсҳои таъриху фалсафа ва илми ҷомеашиносӣ оид ба нақши шахсиятҳо дар равандҳои сиёсии давлатҳову ҳукуматҳо хондаем ва бинобар ин иброз медорем, ки сари давлат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи сарнавиштсози Шӯрои Олии Тоҷикистон дар соли 1992 амри содаву тасодуфӣ набуда, балки падидае буд, ки халқи азияткашидаро барои рӯзгори равшан умедвор сохт.
Инак халқи тоҷик дар фазои ваҳдати миллӣ ба сар мебарад ва мо тоҷикони Қирғизистон низ аз файзу баракати ватани таърихиамон баҳра мебарем. Тайи 7 соли ахир беш аз 350 ҷавони тоҷики Қирғизистон ба донишгоҳҳои Душанбеву Хуҷанд сафарбар шуда ,аз ҳисоби бурсияи Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон донишу касби дилхоҳашонро аз худ мекунанд. Парвозҳо дар масири Душанбе- Бишкек ба роњ монда шудаанд ва рафту омад ба диёри нозанини Тоҷикистон аз роҳҳои ҳавоиву заминӣ бароямон басе осон шудааст.
Ҳоло дар аксар расонаҳои Қирғизистон дар бораи Тоҷикистон чизе навиштанӣ шаванд, ҳатман оид ба ободкориҳои роҳбарияти он, бунёди иншооти бузурги иқтисодиву инфрасохторӣ ёдовар мешаванд. Ин, албатта, мояи ғурур ва ифтихори миллии мо, тоҷикон мегардад. Бе ягон шакку шубҳа дар ҳамаи ин дастовардҳои кишвар, нақшу ҷойгоҳи раҳбари накуноми Тоҷикистон- Эмомалӣ Раҳмон, сарвари тоҷикони дунё баръало мушоҳида мешавад. Аз ин хотир қарори Парлумони Тоҷикистон дар бораи “Асосгузори сулњу вањдати миллї — Пешвои миллат” эълон намудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ҳимоят ва пуштибонии гарму ҷӯшони тоҷикони Қирғизистон қарор гирифт.
Бовар дорем, ин иқдоми намояндагони халқ дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушду равнақи Тоҷикистон дар оянда хизмат мекунад.
Аз номи 55 ҳазор тоҷикони Қирғизистон:
Шарифҷони Учқурғонӣ- узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Қирғизистон;
Раҳимҷонов Абдуҳалим- академики АИ Қирғизистон, профессор, доктори илмҳои тибб;
Сайдазим Пӯлодӣ- узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон;
Қодиршои Мурувват- сармуҳаррири нашрияи тоҷикии “Паёми Ала-Тоо”;
Дадаев Мухторҷон- муовини раиси Созмони тоҷикон ба номи Рӯдакӣ;
Абдурозиқов Мавлонҷон- раиси маркази фарҳангии тоҷикони Учқурғон;
Тоиров Назирҷон- раиси маркази фарҳангии тоҷикони ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд;
Қӯзиев Додоқӯзӣ- раиси маркази фарҳангии тоҷикони шаҳраки Ҳайдаркони вилояти Ботканд;
Марасулов Баҳромҷон- раиси маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷалолобод.








НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд






