Файзобод: тақдими хонаи истиқоматӣ ба ду бародари маъюб
Файзобод, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз дар деҳаи Мулотуғмаи ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод ба ду нафар маъюб- Аҳтам Сироҷов ва Зурабшо Сироҷов, фарзандони Муқим Сироҷов хонаи истиқоматӣ дода шуд. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ гуфт, ки шароити зиндагии маъюбон Аҳтам ва Зурабшо Сироҷовҳо бахусус дар фасли сармо вазнин буда, дар асоси аризаи онҳо ва бо хоҳиши маъюб Аҳтам Сироҷов Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба хулосае омад, ки дар замини падарашон аз ҳисоби соҳибкорон, ҷавонон, занҳои фаъол ва бо кумаки ҳукумати ноҳия хонаи истиқоматии дорои тамоми шароитро ба истифода диҳанд. Имрӯз дар арафаи ҷашни соли нави мелодӣ ин хонаи муҷаҳҳаз ба маъюбон супорида шуд. Имрӯз хурсандии Аҳтам Сироҷови маъюб ҳадду канор надошт ва дар назди меҳмонон минатдории хешро ба Сарвари давлат, раиси ноҳия ва нафароне, ки дар сохтани хона саҳм гузоштаанд, изҳор намуд.
Модари маъюбон Раҷабмоҳ Сироҷов нақл намуд, ки чор нафар фарзанди маъюб доштааст, ки дар натиҷаи бемории зиёд ду нафари онҳо аз дунё гузаштаанд ва ин ду нафар бародарон Аҳтам ва Зурабшо ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯянд, хусусан дар фасли зимистон берун баромадан барои онҳо мушкил аст. Хушбахтона, барои фарзандони маъюбаш хонаи истиқоматии замонавӣ сохтаанд ва ин модар минатдории хешро ба Сарвари давлат ва шахсони саховатпеша баён намуд.
Зимни супоридани хонаи истиқоматӣ ба ин нафарони маъюб намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло ба соҳибкороне, ки дар сохтмони хонаи мазкур саҳм гузошта буданд, сипосномаҳо тақдим намуд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






