Фаронса киштии «Шарл де Голл»-ро ба Халиҷи Форс мефиристад

Декабрь 5, 2015 06:22

Душанбе, 05.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Киштии интиқолдиҳандаи ҳавопаймоҳои ҳарбии «Шарл де Голл», ки дар баҳри Миёназамин аст, ба Халиҷи форс кӯчонида мешавад.  Дар ин бора Президенти Фаронса Франсуа Олланд изҳор дошт. 
Киштӣ пас аз силсилаи амалҳои террористӣ дар Фаронса, ки шаби 13 ба 14 ноябр рух доданд, ба баҳри Миёназамин равона шуд. Дар ин таркишҳо, ки онро террористони гурӯҳи «Давлати исломӣ» бар дӯш гирифтанд, 130 нафар қурбон гардид.
Миёнаҳои моҳи ноябр киштӣ пас аз ба роҳ мондани робита бо киштиҳои Флоти ҳарбӣ-обии  Русия ба баҳри Миёназамин оварда шуд.
Бино ба иттилои RFI, дар киштии «Шарл де Голл» 26 ҳавопаймо қарор дорад. 23 ноябр қиркунандаҳои Фаронса, ки аз ин киштӣ парвоз карданд, ба мавқеъҳои ҷангиён чандин зарба заданд.
Дирӯз НҲҲ Фаронса ба қаламрави зери тобеияти ДИ дар Либия аввалин парвозҳои иктишофӣ анҷом доданд. 

Декабрь 5, 2015 06:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд