Форуми таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва диаспораҳои тоҷик
Душанбе, 9.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз, 10 декабр Форуми таҳкими ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва диаспораҳои тоҷик ва таҷрибаи муҳоҷирати Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ба кори худ оғоз кард.
Дар он сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Тоҳир Каримзода, директори маркази тадқиқоти муҳоҷират Дмитрий Полетаев, намояндаи Маркази байналмилалии рушди сиёсати муҳоҷират Акрам Муҳамматқулов, намояндагони ҷамъиятҳои ҳамватанони бурунмарзӣ ва мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор иштирок доранд.
«Муҳоҷирати меҳнатӣ дар замони имрӯза тамоми паҳлӯҳои ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст.Тоҷикистон як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, аз ин раванд барканор намондааст. Ҳанӯз соли 2000 муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаҳон 185 млн нафар буда, соли 2013 шумораи онҳо ба 232 млн нафар расидааст. Аз ҶТ бештар муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Русия сафар менамоянд. Мутобиқи баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандони кишварамон дар 11 моҳи соли ҷорӣ 533 882 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, аз ин шумора 523 523 нафар ба Русия сафар кардаанд»,-гуфт сардори Хадмоти муҳоҷират Тоҳир Каримзода.
Бино ба иттилои сардори хадамот дар айни замон дар қаламрави Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ ҷамъиятҳои фарҳангӣ ва диаспораҳои тоҷикон расман фаъолият мекунанд. «Барои ҳалли мушкилот дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандонамон ба хориҷи кишвар моро зарур аст, ки ҳарчи бештар ҷойҳои корӣ таъсис диҳем. Бо назардошти ин аз ҷониби Ҳукумати ҶТ барои таъсиси ҷойҳои корӣ ҳамаи заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд»,-илова намуд Тоҳир Каримзода.
Дар ҷараёни форуми дурӯза масъалаҳои таҷрибаи Аврупо дар масъалаи ҳамкории давлат бо диаспораҳо, ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо диаспораҳои тоҷикон, саҳми диаспораҳои тоҷик барои рушди Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба диаспора мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






