Гохан Гудер бо ҷараёни татбиқи ду лоиҳа шинос шуд

Декабрь 14, 2015 12:11

Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Намояндаи   Бонки Исломии Рушд  Гохан Гудер аз ҷараёни татбиқи ду лоиҳа — лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна-марҳилаи III» ва лоиҳаи «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP)»  дидан кард. Хотиррасон мекунем, ки аз 7 то 12 декабри соли ҷорӣ намояндаи Бонки Исломии Рушд Гохан Гудер бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. 
Инчунин намояндаи Бонки Исломии Рушд Гохан Гудер аз бо сохтмони чор иншооти марҳилаи сеюми лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна», воқеъ дар шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Кўлоб шинос шуда, ба сифату суръати иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод. 
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти вазорат, дар баробари ин Гохан Гудер бо вазири маориф ва илм Нуриддин Саид мулоқот намуда, миёни ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки Исломии Рушд маблағгузоришаванда суҳбати ихтисосӣ анҷом дода шуд. 

Декабрь 14, 2015 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд