Густариши ҳамкории Филиппин бо Тоҷикистон
Душанбе, 10.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Филиппин Даниел Рамос Эспириту 10-уми декабр дар қатори дигар сафирон дар назди намояндагони васоити ахбори омма баён дошт, ки бо як зумра ашхоси расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони васеъ барои мулоқоти муфиду судманд рӯи даст омад.
«Шояд кишвари мо дар минтақаи Осиё дур аз кишвари тоҷикон ҷойгир буда, таърихи муносибат ва робитаҳои дуҷонибаи мо ҷавон бошад, аз дигар ҷиҳат ин инъикоскунанда ва ё ифодакунандаи он мебошад, ки мо ҳанӯз иктидор ва имконоти зиёд барои ҳамкории минбаъдаи густурда дорем. Дар айни замон ҳукуматҳои ҳарду кишвар дар бобати мувофиқакунонии лоиҳаи се санади муҳиму мубрам қарор доранд, ки ба имзо расонидани ин се созишнома имкон медиҳад, то ҳамкорӣ ва робитаҳои байни ду кишвар ба таври муассир дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн ба роҳ монда шаванд. Яке аз чунин санад соҳаи сайёҳӣ буда, дигаре дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ ва ҷилавгирӣ аз андозбандии дукарата ва ниҳоят созишномаи сеюм дар мавриди пуштибонӣ ва мусоидат барои ҷалби сармоягузориҳои мутақобила мебошад»,-гуфт сафир.
Сафири Ҷумҳурии Филиппин дар Тоҷикистон иброз намуд, ки зимни адои вазифа тамоми кӯшишу заҳматҳои худро барои густаришу инкишофи ҳамкории муфиду судманд байни ду кишвар ба харҷ хоҳад дод.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






