Гузаргоҳи «Қулма-Қаросу» ба низоми зимистонаи фаъолият мегузарад

Декабрь 2, 2015 12:32

Душанбе, 02.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии мошингарди «Қулма-Қаросу», воқеъ дар марзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин бинобар фаро расидани фасли зимистон тағйирот ворид шуд. Тавре ки аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, минбаъд гузаргоҳи сарҳадии мошингарди «Қулма-Қаросу» дар як моҳ ҳашт рӯз — чор рӯзи аввали моҳ ва чор рӯзи охири моҳ тибқи ҷадвали зерин: рӯзҳои 8, 9, 10, 11, 22, 23, 24, 25-уми моҳи декабри соли 2015, рӯзҳои 5, 6, 7, 8,  19, 20, 21, 22-юми моҳи январи соли 2016, рӯзҳои 1, 2, 3, 4,  16, 17, 18, 19-уми моҳи феврали соли 2016, рӯзҳои 1, 2, 3, 4,  16, 17, 18, 19-уми моҳи марти соли 2016 ва рӯзҳои 5, 6, 7, 8-уми моҳи апрели соли 2016 фаъолият мекунад. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мерасонад, ки мувофиқи ҷадвали пешниҳодшуда фаъолияти худро танзим кунанд.

Декабрь 2, 2015 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд