Хуҷанд: Омодагиҳо ба фестивали гули лола
Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Кормандону мутахассисони Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд қисмати роҳи пиёдагарди соҳили дарёи Сирро дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев, ки масофаи 400 метр ва масоҳати ҳазор метри квадратиро ташкил медиҳад, таъмиру навсозӣ ва сафолакпӯш менамоянд. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои анҷоми корҳои мазкур 60 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода аз ҷараёни корҳои навсозӣ дар ин хиёбон ва шинондани пиёзтухми гули лола дар мавзеъҳои гулкорию сабзпӯши шаҳр ошно гардида, ба мутахассисон супориш дод, ки ҳангоми шинондани тухмӣ ба навъу ранг ва тарзи ороиши лола эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Дар мавзеъҳои сабзпӯшию гулкории назди муҷассамаи Абуабдулло Рӯдакӣ, шоҳроҳи ба номи Исмоили Сомонӣ, хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил, ба номи Султон Умарӣ гулпарварон ва ороишгарон шинондани тухмпиёзаки гули лоларо идома дода истодаанд.
Дар ҳар кадоме аз ин мавзеъҳо 10-12 корманди идораи сабзазорунӣ бо маслиҳати мутахассисони гулпарвар пиёзтухмии гули лолаҳои рангорангро шинонда, ба мавсими шукуфтани гули лола омода менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз дар маркази вилоят фестивали гули лола баргузор мегардад. Бо ин максад тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳр ба миқдори як миллион гулу буттаҳои ороишӣ ва сабза шинонда хоҳанд шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






