Хуҷанд: Омодагиҳо ба фестивали гули лола

Декабрь 9, 2015 06:03

Душанбе, 09.12.2015. (АМИТ «Ховар) -Кормандону мутахассисони Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд  қисмати роҳи пиёдагарди соҳили дарёи Сирро дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев, ки масофаи 400 метр ва масоҳати ҳазор метри квадратиро ташкил медиҳад, таъмиру навсозӣ ва сафолакпӯш менамоянд. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои анҷоми корҳои мазкур 60 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. 
       Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода аз ҷараёни корҳои навсозӣ дар ин хиёбон ва шинондани пиёзтухми гули лола дар мавзеъҳои гулкорию сабзпӯши  шаҳр  ошно гардида, ба  мутахассисон супориш дод, ки ҳангоми шинондани тухмӣ ба навъу ранг ва тарзи ороиши лола эътибори ҷиддӣ диҳанд.
   Дар мавзеъҳои сабзпӯшию гулкории назди муҷассамаи Абуабдулло Рӯдакӣ, шоҳроҳи ба номи  Исмоили Сомонӣ, хиёбони ба номи Раҳим Ҷалил, ба номи Султон Умарӣ гулпарварон ва ороишгарон шинондани тухмпиёзаки гули лоларо  идома  дода истодаанд.
Дар ҳар кадоме аз ин мавзеъҳо 10-12 корманди идораи сабзазорунӣ бо маслиҳати мутахассисони гулпарвар пиёзтухмии гули лолаҳои рангорангро шинонда, ба мавсими шукуфтани гули лола омода менамояд. 
Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз дар маркази вилоят фестивали гули лола баргузор мегардад. Бо ин максад тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳр ба миқдори як миллион гулу буттаҳои ороишӣ ва сабза шинонда хоҳанд шуд.

 

 

 

Декабрь 9, 2015 06:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид