Ифтитоҳи ҳуҷраи кории нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила
Душанбе,2.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар ШВКД дар ноҳияи Қумсангир ҳуҷраи кории нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила кушода шуд.
Муовини раиси Ҳукумати ноҳияи Қумсангир Тағоймурод Ҳасанов миннатдории роҳбарияти ҳукумати ноҳияро ба намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва САҲА барои кушодани чунин ҳуҷраи корӣ иброз намуд.
Зикр гардид, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон тадбирҳои мушаххас андешида, барои пешгирии зӯроварӣ дар оила чорабиниҳои мақсаднок доир менамоянд.
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия А.Б. Бобоназарзода зикр кард, ки ин иқдом дар доираи стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия амалӣ гардида, чунин ҳуҷраҳои корӣ бо дастгирии САҲА дар Тоҷикистон дар дигар минтақаҳои кишвар низ роҳандозӣ мегарданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






