Ифтитоҳи ҳуҷраи кории нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила

Декабрь 2, 2015 04:58

Душанбе,2.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар  ШВКД дар ноҳияи Қумсангир   ҳуҷраи кории нозир оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила кушода шуд.
Муовини раиси Ҳукумати ноҳияи Қумсангир Тағоймурод Ҳасанов миннатдории роҳбарияти ҳукумати ноҳияро ба намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва САҲА барои кушодани чунин ҳуҷраи корӣ иброз намуд.
Зикр гардид, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон тадбирҳои мушаххас андешида, барои пешгирии зӯроварӣ дар оила чорабиниҳои мақсаднок доир менамоянд.  
Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия А.Б. Бобоназарзода зикр кард, ки ин иқдом дар доираи стратегия ва Барномаи ислоҳоти милитсия амалӣ гардида, чунин ҳуҷраҳои корӣ бо дастгирии САҲА дар Тоҷикистон дар дигар минтақаҳои  кишвар низ роҳандозӣ мегарданд.

 

Декабрь 2, 2015 04:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид