Ихтисораи нав: Гурӯҳи ДИИШ-ро акнун бештар ДОИШ мегӯянд

Декабрь 2, 2015 06:12

Душанбе, 2.12.2015 (АМИТ «Ховар») .-ВАО-и ҷаҳонӣ аз ихтисораи шартии маъмулии ин гурӯҳи террористӣ даст кашиданд, то  ба ҷангиён ҳуқуқи амал кардан аз номи Исломро надиҳанд. Ихтисораи нав ДОИШ дар ВАО ҳамчун ҷойгузини ихтисораи шартии маъмули гурӯҳи террористии ДИИШ истифода мешавад.
Террористон худро «Давлати исломӣ» меноманд, ки ишора ба хилофатро дорад ва онро халифа идора мекунад ва ба забони арабӣ халифа маънои «ворис»-ро дорад (дар ин ҳолат вориси паёмбар Муҳаммад (с) -эзоҳи муҳаррир). Охир хилофати исломии эътирофшуда Хилофати империяи туркони  усмонӣ буд, ки даврони он соли 1923 ба охир расид.
Дар Русия барои нишон додани ташкилоти ифротӣ ишораи ДИИШ-«Давлати исломии Ироқу Шом»-ро, ки Шом-номи ҷуғрофии қисми шарқии Баҳри миёназамин: Сурия, Шом, Фаластин, Исроил ва Урдун аст, истифода мебаранд. Арабҳо ин мавзеъро Аш-Шам ном мебаранд, ки маънои «Сурияи бузург»-ро дорад.
Вале, ВАО-и бонуфуз ва як зумра кишварҳо аз чунин ном бурдани гурӯҳи террористии мамнуъшуда даст кашидаанд, чунки ин ба террористон ҳуқуқ медиҳад исломро намояндагӣ кунанд, вале ин комилан чунин нест. 
Ҳоло мо бештар ихтисораи дигари ДОИШ-ро мешунавем. Онро пас аз таркишҳои Париж Франсуа Олланд дар мулоқот бо Барак Обама ошкоро истифода намуд. Ин ихтисора аз шакли кӯтоҳшудаи номи ташкилоти ифротии al-Dawla al-Islamiya al-Iraq al-Sham гирифта шудааст, ки  ҳамон «Давлати исломии Ироқу Шом» мебошад. Вале ин шакли тарзи гуфтор ба террористон писанд нест. Ҳатто, ҷангиён ба ҳар касе, ки ихтисораи арабиро дар гуфтор истифода мебаранд, таҳдид ба буридани забон мекунанд, зеро он ба чунин калимаҳои арабӣ-«daes» («қадам задан/пой кӯфтан») («топающий/давящий ногами») ва «dahes» (фитнаангезӣ/вайронкорӣ») («сеющий раздор/разрушения») ҳамоҳанг аст. Акнун, маҳз ҳамин ихтисораи ҷангиёнро ба хашмоваранда на танҳо дар арабҳо, балки дар ВАО-и ҷаҳонӣ истифода мешавад.
Каринэ Геворгян, шарқшинос ва коршинос дар барномаи шабакаи телевизионии LifeNews таъкид намуд, ки мо агар калимаи «исломӣ»-ро истифода барем, он гоҳ одамони бо ислом ношинос ба тамоми мусулмонон бо шубҳа муносибат мекунанд. Шояд ин ба ихтилофоти ҷомеа ва нобоварӣ оварда расонад. Набояд ба ин кор роҳ дод, мусулмонон инро сазовор нестанд, чунки онҳо аввалин шуда ба муқобили ҷангиёне баромаданд, ки ҳадафҳои нопоки худро бо номи ислом пӯшиш медоданд. 

 

Декабрь 2, 2015 06:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст