ИМА ва ҶМЧ ҷонибдори муборизаи якҷоя бо тағйирёбии иқлиманд
Душанбе, 01.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Президенти ИМА Барак Обама ва раиси ҶМЧ Си Ҷинпин рӯзи душанбе ҷонибдории худро аз фаъолияти муштарак дар мубориза бо тағйирёбии иқлим тасдиқ намуданд, хабар медиҳад Қасри сафед.
Мулоқоти роҳбарони давлатҳо дар ҳошияи конфронс оид ба иқлим дар шаҳри Париж сурат гирифт.
«Ҳар ду ҷониб изҳор доштанд, ки барои татбиқи муваффақонаи нақшаҳои дар конфронси Париж пешбинишуда якҷоя бо кишварҳои дигар саъю кӯшиш хоҳанд кард», — гуфта мешавад дар изҳороти муштарак.
Роҳбарони давлатҳо дар баробари ин ӯҳдадориҳои моҳи ноябри соли 2014 ва моҳи сентябри соли 2015 дар бахши иқлим ба зиммагирифтаашонро тасдиқ намуданд. Президенти Фаронса Франсуа Олланд рӯзи душанбе дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалӣ изҳор дошт, ки гармшавии иқлим дар саросари ҷаҳон ва терроризм ду хатари ҷиддитаринанд, ки ҷомеаи ҷаҳон дучори онҳо шудааст.
«Ман наметавонам, ки муборизаамонро бо терроризм аз мубориза бо гармшавии саросари ҷаҳон ҷудо кунам. Ин ду хатари калонтаринест, ки мо дучори онҳо гардидаем, биноан мо бояд на фақат ҷаҳони озод аз террор, балки сайёраи озод аз фалокатҳоро низ барои фарзандонамон боқӣ гузорем», — гуфт Олланд.
Конфронси 21 — уми ҷонибҳои муоҳадаи СММ дар бораи тағйири иқлим ва машварати 11 — уми ҷонибҳои протоколи Киото аз 30 ноябр то 11 декабр дар шаҳри Париж давом мекунад. Моҳи декабри соли 2014 намояндагони 196 кишвари аъзои муоҳадаи зикршудаи СММ дар шаҳри Лима матни созишномаро ба имзо расониданд, ки бояд асоси Шартномаи Париж гардад.
Дар назар аст, ки дар ҳамоиши Париж 14 ҳазор намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намоянд. Қариб 6 ҳазор нафар журналистон барои инъикос додани он дархост додаанд, вале фақат ба 3 ҳазор нафарашон ваколат дода шудааст, ки ташкилкунандагони конфронс инро бо аз нигоҳи техникӣ имкон набудани қабули ҳамаи хоҳишмандон маънидод мекунанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






