ИМА ва ҶМЧ ҷонибдори муборизаи якҷоя бо тағйирёбии иқлиманд

Декабрь 1, 2015 05:06

Душанбе, 01.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Президенти  ИМА  Барак  Обама  ва  раиси  ҶМЧ  Си  Ҷинпин  рӯзи  душанбе ҷонибдории  худро  аз  фаъолияти  муштарак  дар  мубориза бо  тағйирёбии  иқлим  тасдиқ  намуданд,  хабар  медиҳад Қасри  сафед. 
Мулоқоти роҳбарони  давлатҳо дар  ҳошияи  конфронс  оид ба иқлим  дар  шаҳри  Париж  сурат  гирифт.
«Ҳар  ду  ҷониб  изҳор  доштанд, ки  барои татбиқи  муваффақонаи  нақшаҳои  дар  конфронси  Париж пешбинишуда якҷоя бо кишварҳои  дигар  саъю  кӯшиш  хоҳанд  кард», —  гуфта  мешавад  дар  изҳороти  муштарак. 
Роҳбарони  давлатҳо  дар  баробари  ин ӯҳдадориҳои  моҳи  ноябри  соли  2014 ва моҳи  сентябри  соли  2015  дар  бахши  иқлим  ба зиммагирифтаашонро тасдиқ  намуданд. Президенти  Фаронса  Франсуа  Олланд  рӯзи душанбе  дар  маросими  ифтитоҳи  Конфронси  байналмилалӣ  изҳор  дошт, ки  гармшавии иқлим дар  саросари  ҷаҳон ва  терроризм  ду  хатари ҷиддитаринанд, ки  ҷомеаи  ҷаҳон дучори онҳо шудааст. 
«Ман  наметавонам, ки  муборизаамонро  бо терроризм аз  мубориза бо гармшавии  саросари  ҷаҳон ҷудо  кунам. Ин  ду  хатари калонтаринест, ки  мо дучори онҳо гардидаем, биноан  мо  бояд на фақат ҷаҳони озод  аз  террор,  балки  сайёраи  озод аз  фалокатҳоро низ  барои   фарзандонамон   боқӣ  гузорем», —  гуфт Олланд. 
Конфронси  21 — уми ҷонибҳои муоҳадаи  СММ дар  бораи  тағйири  иқлим  ва машварати 11  — уми  ҷонибҳои протоколи Киото  аз  30  ноябр  то  11  декабр дар  шаҳри  Париж  давом  мекунад. Моҳи  декабри  соли  2014  намояндагони  196 кишвари аъзои  муоҳадаи   зикршудаи СММ  дар  шаҳри  Лима  матни   созишномаро  ба  имзо  расониданд,  ки бояд  асоси Шартномаи  Париж  гардад. 
Дар назар  аст, ки дар  ҳамоиши  Париж  14  ҳазор   намояндагони  ҷомеаи  шаҳрвандӣ  иштирок  намоянд. Қариб 6 ҳазор  нафар  журналистон барои инъикос  додани он  дархост  додаанд,  вале  фақат   ба  3 ҳазор нафарашон  ваколат дода шудааст, ки  ташкилкунандагони  конфронс  инро  бо аз  нигоҳи  техникӣ имкон  набудани қабули  ҳамаи хоҳишмандон  маънидод  мекунанд. 

 

Декабрь 1, 2015 05:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид