Ҳиндустон ба амалиёти зиддитеррористии СММ алайҳи ДИ ҳамроҳ мешавад

Декабрь 17, 2015 05:11

Душанбе, 17.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳиндустон тайёр  аст, ки ба  амалиёти   зиддитеррористӣ  алайҳи  гурӯҳи «Давлати  исломӣ»  таҳти  парчами  СММ  ҳамроҳ  шавад,  гуфт  вазири  мудофиаи кишвар  Маноҳар Паррикар  дар Деҳлии Ҷадид,  хабар медиҳад  ТАСС.
«Агар  қатъномаи   дахлдори  СММ қабул  шаваду  амалиёт  таҳти  парчами  ин  созмони  байналмилалӣ оғоз  ёбад, мо,  мутобиқи  ӯҳдадориҳоямон,  дар  он  иштирок  менамоем», —  гуфт  Паррикар.
Номбурда  ҳамчунин  изҳор  дошт, ки  кишвар  масъалаи  мубориза  бо терроризмро  баррасӣ  мекунад. Мувофиқи  маълумоти  хадамоти  махсус,  дар  ҳоли  ҳозир на  камтар  аз  20  нафар   шаҳрвандони  Ҳиндустон  дар  Ироқу  Сурия  аз  ҷониби  ДИ ҷанг  мекунанд.

Декабрь 17, 2015 05:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст