Ишкошим: Миллати тоҷик ба Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон ниёз дорад

Декабрь 17, 2015 06:05

Ишкошим, 17.12.2015. (АМИТ «Ҳовар) — «Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон  ба Пешвои миллат будан ниёз надорад, вале мардуми тоҷик, миллати куҳанбунёди  тоҷик  дар  давраи пур аз талотум ва кшмакашиҳои сиёсии   ҷаҳон ва даврони имтиҳони  башарият  ба Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон ниёзи бештар дорад»,-  изҳор намуданд иштирокдорони маҷлиси васеи макомоти маҳаллии ҳокимияти   давлатӣ дар    ноҳияи  Ишкошим  ба ифтихори қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат». 
       Ҷамъомадагон   бобати хизматҳои шоёни Қаҳрамони миллат ва  Сарвари давлат Эмомалӣ  Раҳмон   изҳори андеша намуданд. Раиси  ноҳияи Ишкошим Зикрихудо Самадов   гуфт,  ки   Эмомалӣ Раҳмонро мардуми тоҷик    имрӯз  расман  ҳамчун Пешвои миллат   эълон намуд,  дар асл ӯ аз рӯзҳои нахустини   Сарвари  давлат  интихоб шуданаш пешво буд ва тавонист ин рисолатро ба ҷо орад. Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон  дар нигоҳ доштани якпорчагии Тоҷикистон ва аз вартаи нестӣ  наҷот бахшидани он бебаҳоянд. Ин қонун бо  заминаҳои  воқеӣ қабул гардид. Даҳсолаҳову  садсолаҳо паси сар хоҳанд шуд, қарнҳо иваз хоҳанд гашт, вале дар масири ҳастии миллати тоҷик  хизматҳои ин фарзанди миллат  чун   корнамоии   қаҳрамони асил  барои наслҳои оянда   ҳамчун шоҳкитобе хоҳанд монд.  Зиндагиномаи Эмомалӣ Раҳмон , корнамоиҳои ӯ дар самти ба ҳам овардани  миллат, ободкориву созандагӣ, сиёсати некбинонаву дурандешона ва муаррифии  давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ   шоҳкитоби ибрат  аст.
   Дар ҷаласа зикр гардид, ки мардуми  Ишкошим  хуб дарк менамоянд, ки пешвои миллат будани чӣ маъно дорад ва  Эмомалӣ  Раҳмон  аллакай борҳо  пешво будани хешро  исбот намудааст. Мардуми Ишкошим имрӯз  сидқан  ин марди хирадро, ки   хизматҳояш  дар оянда  чун  дарси мардонагӣ омӯхта хоҳанд шуд,  ҷонибдорӣ доранд. Танҳо ҳамин хизмати  Эмомалӣ Раҳмон   басанда аст, ки Тоҷикистон  ваҳдаторост ва  тоҷикон дар фазои ободу осудаи ватан зиндагӣ доранд.

Декабрь 17, 2015 06:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст