Истиқболи донишҷӯёни хатлонӣ аз додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав ҳамоиши ҷавонон, омӯзгорон, профессорон ва ҷавонони фаъоли донишгоҳ вобаста ба иқдоми намояндагони мардумӣ барои ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» доир гардид.
Муовини раиси вилояти Хатлон Ситора Шерзода иқдоми Маҷлиси намояндагонро амри зарурӣ ва саривақтӣ дониста, афзуд, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омадан ҳамеша барои пешрафту шукуфоии Ватан талош варзида, ҷоннисориҳои худро барои беҳбуди зиндагии мардум равона кардааст.
Дар мулоқот муовини раиси вилоят аз хизматҳои Роҳбари давлат дар тӯли 24 соли Истиқлолият ёдовар гардида, изҳор намуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» нишонаи арҷ гузоштан ба ин заҳматҳо мебошад.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои насли ояндасоз ба воя расидани ҷавонон тамоми тадбирҳоро андешида, имрӯз шароити лозимӣ барои ҷавонон муҳайё шудаанд.
Ҷавонону донишҷӯён доир ба додани унвони «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, аз он истиқбол намуданд.
Гуфта шуд, ки ҷавонони дорои дониши баланд ва меҳанпарасту ватанхоҳ метавонанд дар ҳифзу ҳимояи Ватан ва рушду инкишофи он саҳм гузоранд.
Чунин ҳамоишҳо дар Донишкадаи энергетикии Қурғонтеппа ва толори «Кохи Ватан»-и шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардиданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






