Истифодаи асъори юани чинӣ барои кам намудани фишорҳои қурбӣ мусоидат хоҳад кард

Декабрь 4, 2015 11:28

Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-  Низоми ягонаи электронии савдо дар бозори байнибонкии асъор тавассути платформаи кории ширкати “Томсон Ройтерс” омода шуда, ба воситаи он амалиёти хариду фурӯши асъор аллакай амалӣ шуда истодааст. Бонки миллии Тоҷикистон дар ин низом ҳамарӯза ба ташкилоти қарзӣ фурӯши доллари амрикоиро анҷом дода, тавассути ташкилоти қарзӣ дахолатҳои асъорӣ — фурӯши доллари нақди ИМА-ро дар нуқтаҳои мубодилаи ш. Душанбе ба роҳ мондааст”,-гуфт муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷ. Нуралиев зимни нишасти матбуотии имрӯза.
    Инчунин дар нимаи дуюми соли ҷорӣ барои  диверсификатсияи амалиёти берунаи асъорӣ, созишномаи СВОП бо асъори юани чинӣ ба имзо расид, ки истифодаи босамари он барои кам намудани фишорҳои қурбӣ мусоидат хоҳад кард. Мубодилаи он ба таври озмоишӣ (пилотӣ) рӯзҳои наздик оғоз мегардад.
    Аз ҳисоби мутахассисони БМТ ситод ва гурӯҳҳои кории фаврӣ барои назорати мунтазами фаъолияти муассисаҳои ташкилоти қарзӣ дар бозори дохилии асъор  ташкил ва ба фаъолият шурӯъ карданд.
“Илова бар ин, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон дар тамоми ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ ситодҳои доимии назорат аз болои фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъор вобаста ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ ташкил шуданд ва онҳо ҳамарӯза амал менамоянд”,-илова намуд муовини аввали раиси БМТ.
  

 

 

Декабрь 4, 2015 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ