Изҳороти Иттиҳоди Аврупо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи башар

Декабрь 11, 2015 09:02

Душанбе, 11.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Имсол дар давоми сол аз Рӯзи ҳуқуқи инсон сар намуда, Созмони Милали Муттаҳид 50-солагии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро, ки соли 1966 ба имзо расида буданд, ҷашнгирӣ мекунад.
 
Ҳар ду ин паймон муҳиманд ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии инсонро аз рӯзи таваллудаш то давоми ҳаёти ӯ ифода намуда, тақдири бисёр одамонро тағйир карданд.
 
Ҳоло дар шароити мушкил дар атрофи масъалаҳои ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, камбизоатӣ ва нобаробариҳои зиёд ин паймонҳо чун рукнҳои фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар ҷодаи ҳифзу пешбурди тамоми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосии ӯ боқӣ хоҳанд монд. Инчунин паймонҳои мазкур ҳамчун пояи муҳими қонуни байналмилалӣ шуда, моҳияти ҷаҳонӣ, тақсимнопазир ва бо ҳам вобаста доранд.
 
Нақшаи нави амал барои пешбурди ҳуқуқи башар ва демократия, ки Иттиҳоди Аврупо моҳи июли соли гузашта қабул кард, ба ҳамаи намуди ҳуқуқҳо диққати хос дода, ба таъмини онҳо барои ҳамагон аз тариқи чорабиниҳои мушаххас равона  шудааст. Ғайр аз ин, Иттиҳоди Аврупо мӯътақид аст, ки ба ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар фаъолони ҷомеа дар роҳи ҳифзу таъмини ҳуқуқи инсон, чӣ шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва чӣ иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ доимо кумак бирасонад. Иттиҳоди Аврупо аз лаҳзаи таъсис бисёр ҳомиёни ҳуқуқи башарро дар саросари ҷаҳон дастгирӣ намудааст ва бо ибрати хеш нишон додааст, ки ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ метавонад манфиатҳои бузургро ба ҷамъият оварад.
 
Иттиҳоди Аврупо шабакаи васеъ иборат аз намояндагиҳо ва сафоратхонаҳои давлатҳои узви он дар саросари ҷаҳон, Намояндаи махсус оид ба ҳуқуқи башар рафиқ Ставрос Ламбринидис ва гурӯҳҳои мутасаддиро дар пойтахтҳои Аврупо дорад ва мо Рӯзи ҳуқуқи инсонро ҷашн мегирем, то ҳуқуқи инсонҳои дар зери хатар дар ҳар кунҷи ҷаҳон бударо ҳифз, пешбурд ва ривоҷ бидиҳем.

 

Декабрь 11, 2015 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд