Ҳизбиён ба театр мераванд

Декабрь 23, 2015 12:38

Душанбе, 23.12.15. (АМИТ «Ховар»).-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз тасмим гирифтааст, ки тамоми кормандони дастгоҳи марказии ҲХДТ ва сохторҳои ҳизбиеро, ки дар шаҳри Душанбе ва берун аз он фаъолият мекунанд, дар якҷояги ба Театри академӣ- драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  ба тамошои намоишномаи театрӣ даъват намояд.  Ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ  Абдураҳмон Хонов, ҳадаф аз ин иқдом, пеш аз ҳама, баланд бардоштани фарҳанги маънавии байни кормандони ҲХДТ мебошад ва бад-ин васила ҳамчунин кормандони ҳизб, кормандони дастгоҳи кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ мехоҳанд, ки миёни аъзои худ чунин иқдомро баргузор намуда, ба баланд гардидани маънавиёти  аъзои худ мусоидат намоянд.  Ба гуфтаи Абдураҳмон Хонов дар тамоми вазорату идораҳо ва муассисаю ташкилоти давлатӣ, ки  ҳизби ҲХДТ амал мекунад, роҳбарони ташкилоти ҳизб чунин иқдомро идома хоҳанд дод ва бад- ин минвол, пеш аз ҳама, ҷавононро ба маънавиёт ва театр ҷалб менамоянд.

Декабрь 23, 2015 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд