Кӯлоб: Дар коллеҷҳо камбудиҳо ҷой доранд
Душанбе, 4.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Директори Коллеҷи омўзгории Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Ф. Шафиев мегӯяд, ки дар муассисаи онҳо ду факулта: гуманитарӣ ва табиатшиносӣ фаъолият мекунад.
«Бо назардошти он ки такмили раванди таълиму тарбия ба фаъолияти муташаккилонаи қисми таълим алоқаи зич дорад, солҳои охир сохтори он тағйир дода шуд. Ҳоло шуъбаҳои мустақили таълиму тарбия, шўрои методӣ, шўрои олимон, назорати сифати таҳсилот ва баҳодиҳии сатҳи дониш, шўрои кураторон, шўрои занон, низоми кредитии таҳсил ва таҷрибаомўзӣ амал мекунад, ки ба Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ, барномаҳои таълимӣ мутобиқ гардонида шуда, соли 2011 қисмати дуюми он бо таҷҳизоти нави таълимӣ барои 590 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд»,-гуфт Ф.Шафиев.
Имсол коллеҷро аз рўи 6 ихтисос 506 нафар (38 нафар бо дипломи аъло) хатм карданд. Бо роҳхати маъмурияти коллеҷ қисме аз хатмкунандагон таҳсилро дар донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳои Рўдакӣ давом дода, қисми дигар барои фаъолият ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи минтақаи Кўлоб роҳхат гирифтанд.
Бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагони коллеҷ ба ҷои кор таъмин мешаванд.
Ҷамъбасти соли хониши 2014-2015 нишон дод, ки дараҷаи азхудкунии дониш ва сифати таҳсилот дар коллеҷи омўзгорӣ нисбат ба солҳои пешин боло рафтааст. Дар таълимгоҳ 3 синфхонаи компютерӣ фаъолият дорад, ки 34 компютер бо интернет пайваст буда, бо 3 проектор ва 2 камераи наворбардорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳамчунин тамоми дафтарҳои кории маъмурони коллеҷ, аз ҷумла, факултаҳо, кафедраҳо ва шуъбаҳо бо компютер, принтер, телевизион ва видео таъмин мебошанд.
Бо вуҷуди пешравию навгониҳо дар коллеҷ ҳанўз камбудию мушилиҳо ҷой доранд. Пурра таъмин набудани муассисаи таълимӣ бо омўзгорони унвони илмидор, нарасидани маводи таълимӣ бо забони давлатӣ, китобҳои дарсӣ ва модулҳои таълимӣ, таъмини нопурраи муассисаи таълимӣ бо техника ва технологияи замони муосир аз ҷумлаи онҳо мебошад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






