Ҷ.Керри Русияю Эронро бо дидани «чораҳои сахт» таҳдид кард
Душанбе, 07.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Роҳбари Департаменти давлатӣ Ҷон Керри ваъда дод, ки агар Русия ва Эрон ба раванди сиёсӣ дар Сурия муқовимат кунанд, ИМА «роҳи дидани чораҳои сахтро пеш мегиранд».
Ҷон Керри зимни суханрониаш дар форуми Амрикою Исроил дар институти Брукинги шаҳри Вашингтон чунин гуфт: «Агар Русия ва Эрон муқовимат карда, ба Б.Асад имкон диҳанд, ки равандро ба нокомӣ барад, мефаҳмем, ки мушкилотро кӣ ба миён меовардааст. Дар ин маврид усулҳои фаъолияти мо коҳиш меёбанд ва мо маҷбур мешавем, ки ягон хел чораҳои сахт бинем».
Ба гуфтаи котиби давлатӣ, ИМА ба ин тавр сурат гирифтани воқеаҳо роҳ нахоҳанд дод, зеро ин ба амнияти ИМА ва ҳамаи кишварҳои Аврупо хавф меорад.
Ба фикри Ҷ. Керри, то дами дар сари ҳокимият будани Б.Асад, хотима бахшидан ба ҷанги Сурия имконнопазир аст. «Гуфтан мумкин нест, ки биёед Б.Асадро ба ҳоли худ гузорему «Давлати исломӣ» — ро таъқиб кунем. То дами дар сари ҳокимият будани Б.Асад, хотима бахшидан ба ҷанг имконнопазир аст. Даври дигари гуфтушунид аз рӯи қазияи Сурия моҳи декабр дар шаҳри Ню-Йорк баргузор мегардад. Ҳукуматҳое, ки ба гуфтушунид ҷалб шудаанд, баъдтар дар шаҳри Ню-Йорк вомехӯранд, то ин раванд (тағйирёбии сохти сиёсии ҳокимият) — ро давом диҳанд», — бовар дорад ӯ.
Дар даври гузаштаи гуфтушунид оид ба Сурия, ки 30 октябр дар шаҳри Вена баргузор гардид, иштирокдорони он баёния иборат аз нӯҳ бандро мувофиқа намуданд. Дар баробари ин ҷонибҳои гуфтушуниди Вена дар бораи сарнавишти минбаъдаи президент Башор Асад ба як фикр наомаданд. Тавре ки вазири корҳои хориҷии Олмон Франк — Валтер Штайнмайер аз рӯи натиҷаи мулоқот изҳор дошт, иштирокдорон дар вохӯрии оянда масъалаи ҳукумати нави давраи гузариш, интихоботи нав, ҳамчунин мавзӯи оташбасро баррасӣ карданианд.
14 ноябр дар шаҳри Вена боз як мулоқот баргузор гардида, иштирокдорони он тасмим гирифтанд, ки бо гурӯҳҳои мухолифини Сурия гуфтушунид намоянд. Ҷонибҳои гуфтушунид хоҳиши худро дар мавриди тайи шаш моҳ ҳукумати нави давраи гузаришро ташкил намудани ҳукуматдорони Сурия ва мухолифин иброз доштанд. Баъди ин бояд ба таҳияи Конститутсияи нави кишвар шурӯъ карда шавад. Дар давоми 18 моҳи наздиктарин бояд дар кишвар аз рӯи Конститутсияи нав интихоботи умумимиллӣ доир гардад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






