Кишти зироати ғалладона дар Кӯлоб

Декабрь 8, 2015 12:32

Кӯлоб, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар ноҳияи Кӯлоб бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва дастрасӣ ба техникаи кишоварзӣ деҳқонон кишти тирамоҳии ғалладонагиро ба охир мерасонанд. Кооперативи истеҳсолии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз хочагиҳои калонтарини ноҳияи Кӯлоб ба ҳисоб меравад ва самти фаъолияташ тухмипарварӣ ва зотпарварӣ мебошад. Имсол хоҷагидорон бо истифода аз тухмии хушсифати ғалла мақсад доранд, ки дар майдони 300 гектар замини лалмӣ ва 500 гектар замини обӣ кишти ғалладона гузаронанд. Бо ин мақсад тамоми техникаи кишоварзӣ, ки қаблан аз таъмир бароварда шудаанд, ба шудгору кишт сафарбар  гардид. Бино бар иттилои хоҷагидорон беш аз 300 гектар замини обӣ низ аз шудгори хушсифат бароварда шуда, навъҳои гандуми «Краснодар 99», «Садоқат» ва намудҳои чинӣ кишт шудаанд. 

 

Декабрь 8, 2015 12:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ