КМТ: Баргузории озмуни «Дастони моҳир»

Декабрь 11, 2015 11:30

Душанбе, 11.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз, 11-уми декабр бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе озмуни «Дастони моҳир» бахшида ба Соли оила  ва фарҳанги либоспӯшии ҷавонон таҳти унвони «Фарҳанги миллӣ ва оилаи солим» баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар озмуни  «Фарҳанги миллӣ ва оилаи солим» гулдухтарони Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе бо намоиши либос ва рақсу суруд либоси миллиро тарғиб намуданд.
Ҳамчунин барои тарғиби либосҳои миллӣ ва дар ниҳоди ҷавонон тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, матоъҳои зардӯзию гулдӯзӣ ва дигар нақшу нигори миллӣ  аз тарафи хонандагони литсей ба намоиш гузошта шуд. 

 

Декабрь 11, 2015 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд