Конфронси «Қалби Осиё» дар Исломобод ҷараён дорад

Декабрь 9, 2015 09:28

Душанбе, 9.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз Конфронси дурўзаи «Қалби Осиё», ки рўзи сешанбе дар пойтахти Покистон- шаҳри Исломобод оғоз шуд, кори хешро идома дод. Конфронс бо ҳадафи густариши ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳо ва беҳбуди вазъияти амниятии Афғонистон бо ҳузури намояндагони беш аз 40 кишвари узв ва ҳомиёни он ва беш аз 10 ниҳоди байналмилаливу минтақавӣ оғоз гардид. 
Бахши асосии конфронс дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии  Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистону  Покистон, Туркманистон, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Туркия, Қазоқистон ва Қирғизистон идома меёбад. 
Дар конфронс ҳамчунин намояндагони кишварҳои  ҳимояткунандаи «Қалби Осиё», аз қабили Амрико, Австралия, Канада, Дания, Миср, Фаронса, Финландия, Олмон, Ироқ, Италия, Япония, Норвегия, Полша, Шветсия ва Британияи Кабир  ширкат доранд.
Дар чаҳорчӯби кори конфронси мазкур вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон С.Аслов бо мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва корҳои хориҷӣ Сартоҷ Азиз, вазири банақшагирӣ, рушд ва ислоҳот Аҳсан Иқбол, вазири федеролии об ва энергетика Хоҷа Муҳаммад Осиф, инчунин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Исломии Эрон Ҷавод Зариф мулоқот анҷом дод.
Бояд гуфт, ки нахустин Конфронси «Қалби Осиё» дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар соли 2011 дар шаҳри Истанбули Туркия баргузор шуда буд. Нишастҳои баъдӣ дар кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон ва Чин дар солҳои 2012, 2013 ва 2014 баргузор шуда буданд. 
 

Декабрь 9, 2015 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд