Кумаки кишоварзон ба мактаб-интернати ноҳияи Ёвон

Декабрь 28, 2015 12:18

Душанбе, 28.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпараситии Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Ёвонро ба уҳда дорад ва ҳамасола дар арафаи ҷашну идҳо ба хонандагону тарбиягирандагони мактаб-интернати мазкур кумаки моддӣ мерасонад. Ин навбат муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Саидова аз номи роҳбарияти вазорат барои баланд бардоштани савияи дониши тарбиягирандагони мактаб-интернати ноҳияи Ёвон тахтаи  электронӣ, ки арзиши зиёда аз 5 ҳазор сомониро дорад, тақдим намуд. 
Дар айни замон дар мактаб-интернат 236 нафар хонандаю тарбиягиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, аз ин шумора 2 нафар ятими кулл, 148 нафар нимятим буда, 86 нафари дигарро хонандагон аз оилаҳои камбизоат ташкил медиҳанд. 
Таълимгирандагони мактаб-интернат дар соли хониши 2015 ба як зумра дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, аз ҷумла дар озмуни “Оби тоза ва муҳити солим” Муҳайёи Мусулмонзода сазовори дипломи дараҷаи 1 ва дар ҳаҷми 500 сомонӣ мукофотпулӣ барои “Мақолаи беҳтарин”, Хушнуд Маҳмадраҳимов сазовори дипломи дараҷаи 2 ва маблағи 300 сомонӣ барои “Тадқиқоти беҳтарин” ва Абубакр Холов сазовори дипломи дараҷаи 3, маблағи 200 сомонӣ мукофотпулӣ барои “Меъмории беҳтарин” сарфароз гардидонида шуданд. 

 

Декабрь 28, 2015 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ