Кумаки моддӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ

Декабрь 29, 2015 05:59

Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар арафаи ҷашну идҳо дасти ёрӣ расонидан ба табақаи ниёзманд иқдоми ҷавонмардӣ ва хайрхоҳона ҳисоб ёфта, нишонаи арҷгузорӣ ба анъанаи неки аҷдодӣ мебошад. 
Дирӯз, 28 декабр дар арафаи Соли нави мелодии 2016 аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба тарбиягирандагони Мактаб-интернати № 1 ва Литсейи касбӣ-техникии махсуси шаҳри Душанбе як миқдор маводи ғизоӣ, аз  ҷумла орду равған, биринҷу шакар, сабзавот ва дигар намуди хӯрокворӣ кумаки моддӣ расонида шуд.
Роҳбарият ва тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии мазкур барои кумаку дастгирӣ миннатдории худро ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳор доштанд.

Декабрь 29, 2015 05:59

Хабарҳои дигари ин бахш