М.Алимардон: «Эмомалӣ Раҳмон Пешвои воқеии миллат аст»
Душанбе, 24.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар дафтари ҶСО «Агроинвестбонк» бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» маҷлиси ботантана баргузор гардид. Раиси бонк Муродалӣ Алимардон зимни суханрониаш ба масъалаҳои фаъолияту хидматҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои барои Тоҷикистон душвору мураккаб муфассал дахл кард. Мавсуф изҳор дошт, ки ҳамаи дастоварду муваффақиятҳои имрӯзаи кишвар самараи меҳнату ибтикороти Роҳбари он Эмомалӣ Раҳмон аст. М.Алимардон, аз ҷумла чунин гуфт: «Солҳои раиси Бонки миллӣ буданам шоҳиди бисёр корҳои қаҳрамононаи Президенти кишвар шудам. Хуб дар ёд дорам, ки вай барои расидан ба сулҳу ваҳдати миллии Тоҷикистон дилпурона ва ба таври хастанопазир мубориза мебурд. Ӯ дар он рӯзҳое, ки сарнавишти минбаъдаи кишвар маълум набуд, ба халқ гуфт, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам» ва дар ҳақиқат ин сулҳи дилхоҳро барои кишвару халқ овард».
М.Алимардон ҳамчунин зикр намуд, ки ҷавонони имрӯза бояд сулҳеро, ки бо меҳнату кӯшишҳои Президенти кишвар ба даст омадааст, қадр кунанд ва сипосгузор бошанд. « Мо бояд фахр кунем, ки чунин Роҳбару Пешвои миллатро дорем. Мо бояд дар атрофи ӯ муттаҳид гардида, баҳри рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз, ки Ватани мост, меҳнат кунем».
Маҷлиси ҳайати бонк дастгирии худро аз қабули ин қонун иброз дошта, мақоми таърихии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат ва асосгузори Тоҷикистони имрӯза пазируфт.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






