«Маҷмааи Ориёно»: «Ифтихор ба миллати боҳашамати Тоҷикистон, ки шахси бошараф, пурғурур ва босипос Пешвои ӯст»
Душанбе, 12.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Асадулоҳ Ваҳоҷ — раиси «Маҷмааи Ориёно» — кумитаи муҳоҷирини афғон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ба муносибати қабул шудани Қонун дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» «Маҷмааи Ориёно» муроҷиатнома қабул намуд. Дар муроҷиатнома, аз ҷумла омадааст: «Маҷмааи Ориёно» ва гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон хабари интихоб шудани роҳбари маҳбуб ва гиромиқадри тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Пешвои миллат — қоиди миллӣ ба сурати қотеъ ва ҳамаҷониба пештибонӣ менамоянд. Дар ҳақиқат Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти пурбаҳои худро на танҳо ба халқи Тоҷикистон, балки ба аҳли ҷаҳон, пешрафт, тараққиёт ва шукуфоии Тоҷикистон вақф намудаанд. Бахусус дар давоми даврони роҳбариашон дар душвортарин шароит ба миллати мазлум ва ранҷидаи Афғонистон кумакҳои моддӣ ва маънавӣ намуда, аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ садои миллати ранҷидаи афғон, ҳимояву пуштибонии ҳукумат ва давлати хешро ба иттилои ҷаҳониён расонидааст. Дар давоми зиёда аз 20 сол гурезагони афғон бинобар зулм ва истибдоди туфангсолорони гурӯҳҳои террористӣ, набудани амнияти хеш ва аҳли хонадонашон ба Тоҷикистон, ки ба ҳайси ватани дуюми хеш медонанд, меоянд. Бо оғӯши кушода ва ҷабини бози ҳамсояи нек, ҳамнажод, ҳамфарҳанг ва ҳамзабони хеш истиқбол мешаванд, ки ин худ нишон аз дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, ғамхорӣ ва ҳимояи ҳамаҷонибаи миллати қаҳрамони тоҷик, ҳукумат, давлат ва шахси Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон — Сарвари Тоҷикистон ва роҳбари маҳбубу гиромии мо аст.
Миллати тоҷик дар давраҳои мухталифи таърих собит намудааст, ки ҳамеша поси садоқат, хидмат, вафодорӣ, муҳаббат ва покии ҳар шахс, ҳар миллату ҳар давлатро медонад, ба он арҷ мегузорад ва ҳаргиз фаромӯш намекунад. Қабул шудани Қонуни Пешвои миллат исботи гуфтаҳои мост.
Мо, гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон ин ифтихори миллиро ба миллати қаҳрамони Тоҷикистон, ҳукумат, давлат ва шахси Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз самими қалб табрик арз менамоем, барояшон сиҳату саломатӣ, умри дароз, хушбахтӣ ва комёбиҳои ду ҷаҳонро аз боргоҳи худованд орзумандем.
Ифтихор ба миллати боҳашамати Тоҷикистон, ки шахси бошараф, пурғурур ва босипос Пешвои онҳост.
Мустаҳкам бод дӯстӣ ва бародарӣ байни ду ҳамсояи нек, бародар ва ҳамнажод — Тоҷикистону Афғонистон».








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






