Маскав: Амрико наметавонад дар баробари ҳамлаи мушаки «Солавей»-и Русия муқовимат кунад
Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Фармондеҳи неруҳои мушакии стратегии Русия мегӯяд, системаи мушакии ин кишвар метавонад сипари зиддимушакии Амрикоро безарар созад.
Сергей Каракаев рӯзи чоршанбе гуфт: «Арзёбии мутахассисони мо нишон медиҳад ки бо таваҷҷуҳ ба тавоноии таҳлилдода ва қудрати паррондан, сомонаи дифои зиддимушакии Амрико, ки имрӯз мустақар шуд, наметавонад дар баробари ҳамлаи густардаи мушаки «Солавей»-и неруҳои стратегии Русия муқовимат кунад».
Вай бо баёни ин ки сомонаи дифои зиддимушакии Амрико наметавонад ҳамлаи мушакии Русияро дафъ кунад, зикр намуд, ки сипари дифоии Амрико дар оянда пешрафтатар хоҳад шуд.
Ин мақоми Русия ҳамчунин эълом кард, ки неруҳои стратегии Русия 16 мавриди озмоиши мушакҳои дурпарвозро дар соли 2016 анҷом хоҳанд дод.
Сипас ў афзуд, ки барномарезони низомии Русия иқтидори навзуҳури сомонаи дифои мушакии НАТО- ро низ дар назар гирифтаанд.
Каракаев ин изҳоротро дар ҳоле баён кард, ки истиқрори сомонаҳои мушакии Амрико дар кишварҳои аврупоӣ, бахусус Аврупои шарқӣ эътирози мақомоти Русияро ба вуҷуд овардааст. Мақомоти Маскав борҳо дар бораи истиқрори сомонаҳои мушакӣ дар манотиқи шарқии Аврупо ҳушдор дода буданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






