Мизи гирд: “Фармони сарнавиштсоз дар ҳаёти занон”
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2008 3915 нафар, дар соли 2009 4963 нафар, дар соли 2010 4441 нафар, дар соли 2011 4493 нафар, соли 2012 4343 нафар, соли 2013 4378 нафар, соли 2014 4393 (23,4 фоиз) ва нимсолаи якуми соли 2015 4431 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 аз рўи шумора 56 нафар зиёд аст”,-гуфт раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ Хидирзода Махфират Умар имрӯз дар ҷараёни мизи мудаввар, ки ба 16-мин солгарди фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа бахшида шуд.
Хотиррасон мекунем, ки имрӯз дар Кумитаи кор бо занон ва оила бахшида ба 16-умин солгарди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа мизи мудаввар таҳти унвони “Фармони сарнавиштсоз дар ҳаёти занон” баргузор гардид.
Бино ба гуфтаи раиси кумита соли 2005 занон 7,6 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти идоракунии давлатӣ, 8,1 фоизи кормандони вазоратҳо ва кумитаҳои давлатӣ, 13,8 фоизи ҳайати роҳбарикунандаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медоданд. Дар ҳайати сохторҳои ҳокимияти иҷроия ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот — ҷамоатҳо соли 2005 чор зан раиси шаҳр ва ноҳия шуда кор мекарданд. 26,9 фоизи раисони ҷамоатҳо ва 27,4 фоизи муовинони раисони шаҳру ноҳияҳоро занон ташкил медоданд. То 1 июли соли 2006 аз 15718 корманди дар мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ фаъолиятдошта, 3767 нафарашон занон буданд, ки он 24 фоизро ташкил медод.
«Таҳлили вазъи кунунӣ нишон медиҳад, ки аз 18582 нафар хизматчиёни давлатӣ 4431 нафар ё 23,8 фоизро занон ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 56 нафар зиёд мебошад. Дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он аз 11341 нафар 2837 нафар ё 24,9 фоиз, аз онҳо 535 нафар ё 18,8 фоизро кадрҳои роҳбарикунанда, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 3616 нафар 951 нафар ё 26,2 фоиз, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 нафар зиёд, аз инҳо 307 нафарашон ё 21,3 фоиз дар мансабҳои роҳбарикунанда, дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз 3625 нафар 636 нафар ё ин, ки 17,5 фоиз, ки аз онҳо 267 нафарашон ё 41,9% дар мансабҳои роҳбарикунанда мебошанд”-илова намуд Махфират Хидирзода.
Дар мизи гирд намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, фаъолзанон ва донишҷӯйдухтарон иштирок доштанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






