Мизи мудаввар «Сарфарозӣ аз дуои модар аст»

Декабрь 17, 2015 06:06

Душанбе, 17.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар  Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Сарфарозӣ аз дуои модар аст» бо иштироки бонувони фаъоли ҷумҳурӣ дар робита ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси кумита Зулфия Давлатзода оид ба зарурат ва аҳамияти қабули қонуни мазкур зикр намуд, ки нақши Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ мақому манзалати воло дошта, ҳамчун ифодасозандаи давлати миллии тоҷикон, машъалафрӯзи роҳи саодат ва нишоту хуррамӣ таҷассум ёфтааст. Арҷгузорӣ ва меҳру садоқати занону модарон ба Президенти кишвар беинтиҳо буда, дар симои фарзанди содиқу вафодор ғамхору ятимпарвар ва пуштибону ҳомиро мебинанд.
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар қабули ин қонунро саривақтӣ ва орзуи доимии мардуми сарбаланди тоҷик номида, аз нақши Сарвари давлат барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаи неки давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ дар атрофи ғояҳои созандаю бунёдкорона мисолҳо овард.
Дар идома иштирокдорон Адолат Раҳмонова, Бозгул Додхудоева, Рафиқа Мусоева ва модари 81-сола Саодат Мансурова  нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии пурнишоти мардуми шарифи тоҷик таъкид намуда, аз воқеоти таърихии роҳи паймудаи Сарвари беназири мо дар эъмори давлати миллии тоҷикон нақл карданд.
Муовини  раиси Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам муҳаббат, самимият ва бовару садоқати занону модарони тоҷикро нисбат ба Ҷаноби олӣ иброз намуда, аз ашъори тозаэҷодаш шеърҳо қироат намуд ва қабули ин қонунро дар шароити кунунӣ як амри воқеӣ ва зарурати таърихӣ ҳисобид.

 

Декабрь 17, 2015 06:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид