Мошини Корвони саломатии ҷумҳуриявӣ ба садама дучор гардид
Душанбе, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — 23 декабри соли 2015 соати 12:47 ронандаи Корвони саломатии ҷумҳуриявӣ бо мошини сабукрави тамғаи «Нива» Аҳмадулло Арбобов, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи А.Ҷомӣ ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хоруғ ба самти ноҳияи Мурғоб дар километри 866 мавзеи Упалӣ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, бо 3 нафар мусофиронаш: Мирзовалӣ Гадоев, соли таваллудаш 1958, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кўчаи Телман 6, духтури Маркази ҷумҳуриявии клиникаи бемориҳои пӯст, Воҳид Раҳмонов, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи Ҷомӣ 46, духтури Маркази ҷумҳуриявии клиникаи эндокринология; Эгам Юлдошев, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Ҷуст, муовини аввали директори Маркази ҷумҳуриявии касалиҳои дил ба садама дучор гардид.
Мусофирон бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаи деҳаи Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон бистарӣ шудаанд.
Ҳангоми гирифтани хабар аз сокинони деҳа соати 13:00 наҷотдиҳандагони Дастаи зудамали наҷотдиҳии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи грждании кумита дар Бадахшон бо роҳбарии командири ДМЗН капитан Б. Сайфиддинов ва сардори Ситод полковник Д Худоёров аз тариқи чархбол ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, соати 16:00 мусофиронро ба беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ интиқол доданд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






