Мошини Корвони саломатии ҷумҳуриявӣ ба садама дучор гардид

Декабрь 24, 2015 06:10

Душанбе, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — 23 декабри соли 2015 соати 12:47 ронандаи Корвони саломатии ҷумҳуриявӣ бо мошини сабукрави тамғаи  «Нива» Аҳмадулло Арбобов, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи А.Ҷомӣ ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хоруғ ба самти ноҳияи Мурғоб дар километри 866 мавзеи Упалӣ  аз уҳдаи идораи  мошин  набаромада, бо 3 нафар мусофиронаш: Мирзовалӣ Гадоев, соли таваллудаш 1958, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кўчаи Телман 6, духтури Маркази ҷумҳуриявии клиникаи бемориҳои пӯст,  Воҳид Раҳмонов, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи Ҷомӣ 46, духтури Маркази ҷумҳуриявии клиникаи эндокринология;  Эгам Юлдошев, соли таваллудаш 1969, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Ҷуст, муовини аввали директори Маркази ҷумҳуриявии касалиҳои дил  ба садама дучор гардид.
Мусофирон бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар  беморхонаи деҳаи Ванқалъаи  ноҳияи Шуғнон бистарӣ шудаанд.
Ҳангоми гирифтани хабар аз сокинони деҳа соати 13:00  наҷотдиҳандагони Дастаи зудамали наҷотдиҳии Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи грждании кумита дар Бадахшон бо роҳбарии командири ДМЗН капитан Б. Сайфиддинов ва сардори Ситод полковник Д Худоёров аз тариқи чархбол ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, соати 16:00 мусофиронро ба беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ интиқол доданд.

Декабрь 24, 2015 06:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид