Мулоқоти ректорони мактабҳои олии вилояти Суғд бо хонандагони шаҳри Исфара
Суғд, 02.12.2015. (АМИТ «Ховар») -Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо иштироки муовини раиси вилоят Назира Fаффорӣ, роҳбарияти шаҳри Исфара ва сарварони як зумра донишгоҳҳои олии вилоят мулоқот баргузор гардид. Мақсаду мароми чунин вохӯриҳо- ин ҷалби бештари муҳассилини макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ба донишгоҳҳои олии кишвар, баланд бардоштани эҳсоси худогоҳиву ватанпарварӣ, омӯхтани касбу ҳунар ва технологияҳои замони муосир аз ҷониби духтарону писарон мебошад. Дар ҷараёни вохӯрӣ сарварони мактабҳои олӣ оид ба раванди таҳсил дар макотиби олӣ, имтиёз ва бартариҳо, дар оянда таъмин шудан бо ҷойи кори доимӣ ва мутахассисони баландпоя шудан изҳори назар намуданд
Боиси зикр аст, ки ин аввалин мулоқоти якҷояи ректорони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Анвар Мақсудов, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯрабоев, директорони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Дилафрӯз Сангинова, Донишкадаи иқтисод ва савдо дар назди Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон Иномҷон Аминов ва ректори Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Мухтор Фозилов дар шаҳру деҳоти Исфара мебошад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






