Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири Кувайт
Душанбе, 03. 12. 2015. (АМИТ «Ховар») — Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наваф Абдулазиз Аленезӣ ва ҳамроҳони ӯро ба ҳузур пазируфта, сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, сипас ҷонибҳо ба баррасии масъалаҳои марбут ба густариши муносибот байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт пардохтанд.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Давлати Кувайт ва саҳми ин кишварро дар рушди арсаи иқтисодии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки байни ин давлатҳо 11 созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурду ривоҷи ҳамкории ҳамаҷониба тамоми асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.
Раиси Парлумони Тоҷикистон ҳамчунин ибрози миннатдорӣ намуд, ки бо иштироки молиявии Бонки Рушди Исломӣ, Фонди рушди Саудӣ, Фонди кувайтии рушд, Фонди ОПЕК ва Фонди Абу — Забӣ ба Тоҷикистон маблағи 85 млн. доллари амрикоӣ ҷудо гардида, зимни сафари Президенти Тоҷикистон ба Давлати Кувайт байни роҳбарони ду кишвар мувофиқа ҳосил шуд, ки бо сармояи кувайтӣ дар Тоҷикистон Беморхонаи байналмилалӣ ба истифода дода хоҳад шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт, ҳамкории дуҷониба дар заминаҳои туризм, муҳоҷират, илму маориф, дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва сохтмони хаттҳои интиқоли барқ, энергияи барқароршаванда, сармоягузорӣ ва афзоиши ҳузури ширкатҳои хусусиву давлатии Кувайт дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ибрози назар намуд.
Вазорат ва сохторҳои дахлдори кишвари мо, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров, — омодаанд, ки ба Шумо лоиҳаҳои ҷолибро дар самтҳои зерини афзалиятнок: кушодани хатсайри мустақими ҳавоӣ байни ду кишвар, сохтмони мактабҳо ва манзилҳои нави истиқоматӣ бо ҷалби сармояи Давлати Кувайт, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди асал, мева, сабзавот ва гӯшту шир бо мақсади содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр ба Давлати Кувайт, интиқоли оби нӯшокӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, нафту газ, металлургияи ранга ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, дар соҳаи чорводорӣ ва моҳипарварӣ, бахши рушди кооператсияи истеҳсолӣ ва ташкили корхонаҳои муштарак, ташкили корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва дизайнерӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бонкӣ, андоз, сармоягузорӣ, суғурта ва туризм, танзими фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар, ҳамкорӣ дар соҳаи илм, фарҳанг ва маориф пешниҳод созанд.
Дар мулоқот Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Кувайт дар Тоҷикистон Наваф Абдулазиз Аленезӣ аз пазироии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон арзи сипос намуда, изҳор дошт, ки барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар сатҳи олӣ ва тақвияти муносиботи дуҷонибаи байни кишвараш ва Тоҷикистон дар тамоми заминаҳо талош хоҳад кард.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






