Мулоқоти Сироҷидин Аслов бо Петер Буриан

Декабрь 4, 2015 09:14

Душанбе, 4.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 3 декабри соли 2015 дар Белгради Сербия дар ҳошияи иҷлосияи 22-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Петер Буриан баргузор гардид.
Дар  мулоқот ҷонибҳо натиҷаҳои сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Брюссел ва мулоқоти ӯ бо роҳбарияти ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби «Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ дар давраи солҳои 2015-2020»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҷонибҳо инчунин дар атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва омилҳое, ки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таҳдид мекунанд, мубодилаи афкор намуданд.

Декабрь 4, 2015 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд