Мулоқоти вазири корҳои дохилӣ бо фаъолони ноҳияи Дарвоз

Декабрь 17, 2015 05:52

 Душанбе, 17.12.2015. (АМИТ «Ховар) —  Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо  фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ҳамчунин муовинони раиси ноҳияи Дарвоз, намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ноҳия иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода салому дуруди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли ҷомеаи Дарвоз расонида, оид ба нақшу ҷойгоҳи раҳбари накуноми Тоҷикистон — Эмомалӣ Раҳмон ва қабули Қарори  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» сухан гуфт, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Дарвоз аз ин иқдоми Парлумони кишвар пуштибонӣ ва изҳори хушнудӣ намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ доир ба расонидани кумак ба зарардидагони заминларза аз ҷониби Президенти кишвар, дастгирию якдилии мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар рӯзҳои офати табиӣ ба аҳолии минтақаҳои осебдидаи ВМКБ ҳарф зад.
Зикр гардид, ки танҳо дар ҳамбастагию ваҳдату ягонагӣ ҳама гуна офату зарарҳоро метавон бартараф кард. 
Ҳамчунин оид ба тинҷию осудагӣ ва сулҳу суботи комил дар ҷомеа, ободкориҳо ва бунёди иншооти бузурги иқтисодиву инфрасохторӣ ёдовар шуда, вазир таъкид намуд, ки ин ҳама дастовардҳо бо шарофати он аст, ки мардум дар гирди Сарвари давлат ҷамъ омадаву якдилона дар пешрафти ҷомеа саҳм мегузоранд.
Дар ҷараёни мулоқот вазири корҳои дохилӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро, иштирок дар ҳайати Давлати ба ном исломӣ ва задухӯрдҳои мусаллаҳонаи Сурияву Ироқ изҳори нигаронӣ намуд.
Зикр гардид, ки Дарвоз ноҳияи наздисарҳадӣ буда, бояд мардум ҳушёрию зиракиро аз даст надода, бо мақомоти корҳои дохилӣ ҳамеша ҳамкорӣ намоянд. Пешрафти ҷомеа дар тинҷию амонӣ мебошад, —  зикр кард дар хотимаи суҳбат вазири корҳои дохилӣ.

 

Декабрь 17, 2015 05:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд