Мусобиқоти минтақавии Осиё байни духтарони 14 — сола дар Тоҷикистон сурат мегирад
Душанбе, 24.12.15. (АМИТ «Ховар»). — Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистонро ҷойи гузаронидани мусобиқоти минтақавии Осиё — 2016 байни духтарони синнашон то 14 интихоб намуд.
Қирғизистон, Бангладеш, Непал ва Шри — Ланка низ барои гирифтани ҳуқуқи доир намудани ин мусобиқот иддао доштанд.
Мусобиқоти минтақавии Осиё аз 18 апрел то 1 майи соли оянда баргузор мегарданд. Бозиҳо дар варзишгоҳи «Авиатор» — и пойтахт ва Академияи клуби «Истиқлол», воқеъ дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор сурат мегиранд. Дар назар аст, ки дар мусобиқот дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Қирғизистон, Бангладеш, Бутон, Ҳиндустон, Малдив, Непал ва Шри — Ланка иштирок намоянд. Дар ҷараёни мусобиқот курсҳои омӯзишии доварони навкор низ доир мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар соли оянда ҷойи гузаронидани Ҷашнвораи минтақавии футболи Конфедератсияи футболи Осиё барои ҷавонони синнашон то 14 — и кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ мегардад, ки он аз 18 то 31 май баргузор мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






