Музоядаи аввалин дар Низоми нав ва ягонаи электронии савдои байнибонкӣ дар БМТ

Декабрь 8, 2015 12:19

Душанбе, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шурӯъ аз 7 декабр дар таърихи низоми бонкии кишвар Низоми ягонаи электронии савдо дар бозори байнибонкии асъор тавассути заминаи  кории ширкати “Томсон Ройтерс” дар Бонки миллии Тоҷикистон ба кор оғоз намуд.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти   БМТ хабар доданд, минбаъд тамоми амалиёти хариду фурӯши асъори хориҷӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза таввасути ин низом аз тариқи баргузории музоядаҳо гузаронида хоҳад шуд.
Ин иқдом барои фаъол намудани бозори байнибонкии асъор ва беҳтар кардани шароити мусоид оид ба хариду фурӯши асъори хориҷӣ тавассути низоми асосӣ ва инфрасохтори бонк байни ташкилоти қарзӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
То имрӯз аллакай 19 ташкилоти қарзӣ ба низоми номбурда пайваст шудаанд ва метавонанд аз имкониятҳои васеи он баҳрабардорӣ намоянд. Дигар ташкилоти қарзие, ки ҳоло пайваст нашудаанд ё дар ҷараёни пайвастшавӣ мебошанд, баъд аз пурра шомил шудан ба он ба бозори байнибонкии асъор роҳ меёбанд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳадаф аз татбиқи ҷадиди заминаи  ширкати “Томсон Ройтерс” дар БМТ- ин дар сатҳи зарурӣ ҷорӣ намудани бозори байнибонкии асъор, мубодилаи асъор байни ташкилоти қарзӣ буда, иҷрои самараноки он ба мутобиқ гардонидани бозори ғайринақдӣ ба платформаи мазкур оварда мерасонад. Ин амал яке аз бандҳои асосӣ ва муҳими иҷрои барномаи ислоҳоти Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар музоядаи дирӯза аз 2 млн. доллари ИМА-и ба бозори байнибонкии асъор пешниҳодшуда 42,5 фоизи он бо дархости иштирокдорони ин бозор фурӯхта шуда, талаботи онҳо қонеъ гардонида шуд.

 

 

Декабрь 8, 2015 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд