Н.Ҷабборова: Вазифаи нотариус муҳофизати моликият, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон аст

Декабрь 10, 2015 08:59

Душанбе, 10.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар замони имрӯза муомилоти молию пулӣ, хариду фурӯш,  ба гарав гузоштан ва дигар амалиёт байни мардум маъмул шудаанд. Баъзеҳо тамоми паҳлӯҳои  ин амалиётро омӯхта, ба қавле   «гургони борондида» шудаанд ва то ҳол ҳастанд нафароне, ки ба доми қаллобону чунин «гургон» меафтанд. Барои ба чанд масъалаи ҳуқуқии вобаста ба меросу аҳдномаи хариду фурӯш ва дигар амалиёти нотариалӣ равшанӣ андохтан бо нотариуси давлатии Саридораи нотариалии давлатии ҶТ Наргис Ҷабборова ҳамсуҳбат гардидем.

Ховар: Пеш аз ҳама ба хонандагон вазифаи нотариуси давлатиро маънидод мекардед.

Н. Ҷабборова: Нотариуси давлатӣ салоҳияти махсус дошта, амалиёти нотариалии бо санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ пешбинӣ шударо ба манфиати шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба амал мебарорад. Яке аз вазифаҳои асосии нотариуси давлатӣ- ин муҳофизати моликият, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсонӣ ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, таъмин ва муҳофизати ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон бо роҳи ба амал баровардани амалиёти нотариалӣ мебошад. Нотариуси давлатӣ қонунӣ ва ҳаққонӣ будани аҳдҳои басташудаи шаҳрвандонро тасдиқ менамояд. Нотариус ба шаҳрвандон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, оқибатҳои ҳуқуқии аҳдҳои басташударо  мефаҳмонад. Умуман нотариуси давлатӣ амалиёти нотариалиеро ба амал мебарорад, ки он аз тариқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Аз  ҷумла, тасдиқ намудани аҳдҳои шаҳрвандӣ, чун хариду фурӯш, ҳадя намудан, ба гарав гузоштан, шартномаҳои ипотекӣ ва дигар шартномаҳо,  ба расмият даровардани ҳуқуқҳои меросӣ бо роҳи додани шаҳодатномаи ҳуқуқӣ ба мерос аз рӯи қонун, васиятнома,  инчунин тасдиқнамудани васиятномаву ваколатномаҳо ва дигар  амалиёт ба зиммаи  нотариус мебошанд.

Ховар: Солҳои охир дар кори нотариусони тоҷик чӣ навовариҳо ба амал омаданд?

Н. Ҷабборова:  Вақте ки давлат пеш меравад, фаъолияти ҳамаи  субъектҳои он ҳам пеш меравад. Сол то сол дар Тоҷикистон ҷамъиятҳои саҳҳомӣ зиёд шуда, муносибатҳои байнидавлатӣ рушд доранд ва  вобаста ба ин амалиёти нав низ ҷорӣ шудаанд. Имрӯз бо рушди иқтисоди бозоргонӣ,  додугирифти шартномавӣ низ зиёд шуда истодааст. Вобаста ба тасдиқи намудҳои гуногуни шартномаҳо ба мо шаҳрвандон зиёд муроҷиат мекунанд. Вақте ки ҷамъият пеш меравад, зарурат ба идораҳои нотариалӣ низ  зиёд  мешавад.

Ховар: Яке аз навовариҳои солҳои охир- ин бастани аҳдномаи никоҳӣ мебошад. Оё дар Тоҷикистон аҳдномаи никоҳӣ аз ҷониби шаҳрвандон  ба кор бурда мешавад?

Н. Ҷабборова:  Аҳдномаи никоҳӣ   яке аз амалиёти нави нотариалӣ буда, онро қонунгузорӣ пешбинӣ менамояд.  Дар  ин хусус ба мо шаҳрвандони зиёд муроҷиат мекунанд. Имрӯз  ҷамъият пеш рафта, тиҷорат рушд ёфтааст ва  одамон соҳиби якчанд моликият, саҳмияву суратҳисоби бонкӣ ҳастанд. Аз ҳамин сабаб ба мо вобаста ба ин  масъала  бисёр муроҷиат мешавад. Дар қонунгузории ҶТ махсус қайд шудааст, ки агар як тарафи ақди никоҳ шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бетабаият бошад, ҳатман  пеш аз  қайди никоҳи давлатӣ бояд аҳдномаи никоҳ баста шавад ва дар он ҳатман таъмини фарзандон ва ҳамсар бо манзили истиқоматӣ, таъмини ҳамсари имконияташ маҳдуд пешбинӣ шудааст. Ақдҳои никоҳро вобаста ба шарту шароити ҳамсарон мо тасдиқ мекунем. Хурсандиовар он аст, ки имрӯз занон худ ба мо дар ин хусус муроҷиат мекунанд. Бо бастани аҳдномаи никоҳ шаҳрванд  як тартиби муҳофизат кардани муносибатҳои молумулкии  пеш аз  никоҳ ва ё дар давраи никоҳро танзим намуда, ҳуқуқҳои худро муҳофизат мекунад.

Ховар: Ба фикри Шумо имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон дониши кофии ҳуқуқӣ доранд?

Н. Ҷабборова:  Имрӯз талабот ба баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ рӯз то рӯз меафзояд. Вазифаи ҳаррӯзаи нотариус ин додани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ буда, дар ин самт на танҳо мо, балки Вазорати адлияи кишвар низ бо ташвиқу тарғиби ҳуқуқӣ саҳмгузор мебошад. Имрӯз мардум як андоза аз ҳуқуқу уҳдадории худ  хабардоранд. Исботи ин гуфтаҳо он аст, ки онҳо худ назди мо меоянд ва  медонанд, ки бо кадом масъала ба кадом идора бояд муроҷиат кунанд.  

Ховар: Ба сифати молу мулки  мерос чӣ чизҳо метавонанд дохил шаванд?

         Н. Ҷабборова:  Ба сифати молу мулки меросӣ ҳама молу ашё, ҳамаи он чизҳое, ки  то рӯзи вафоти шаҳрванд ба меросгузор  тааллуқ доштанд,   таркиби меросро ташкил медиҳанд. Манзили  истиқоматӣ, мағоза, суратҳисоби бонкӣ, бастаи саҳмия ва  тамоми ҳуқуқу уҳдарориҳои молумулкии меросгузор ба таркиби мерос дохил мешаванд. Ин ҷо як мафҳум ҳаст, «молу ашёи ҳаррӯзаи рӯзгор», ки  ба таркиби мерос бо хоҳиши меросхӯрон дохил мешавад. Мисол,  гилему чойнику пиёла ва дигар ашёҳои рӯзгор, танҳо бо хоҳиши ворисон ба таркиби мерос дохил карда мешаванд. Лекин  агар ин масъала аз ҷониби ворисон баррасӣ нагардад, дар ин ҳол  молҳо ба таркиби ашё дохил нашуда, ба ворисоне, ки бо меросгузор дар давоми сол якҷоя истиқомат кардаанд,  мегузарад. Лекин ҳастанд ашёи рӯзгор, аз қабили қолинҳое, ки аҳамияти махсус доранд, мисол қадимӣ ва ё дастианд,  он гоҳ онҳо  ҳатман ба таркиби мерос дохил карда мешавад. Ба таркиби мерос суратҳисобҳои бонкӣ,  бастаи саҳмияҳо низ  метавонанд дохил шаванд. Ба мерос на танҳо молу мулк, инчунин уҳдадориҳои меросдиҳанда мегузаранд. Масалан, агар меросдиҳанда  қарздор бошад,  иҷрои ин  уҳдадорӣ ба ворисонаш   мегузарад. Бояд гуфт, ки агар ворис як нафар ё якчанд нафар бошанд ҳам, мерос  дар як лаҳза ба таври  умумӣ  қабул карда мешавад. Агар дар таркиби мерос якчанд мол  бошад, ворис ҳуқуқи   якеро қабул карда,  аз дигар даст кашиданро надорад. Як молро қабул кардан, маънои тамоми мероси молу мулкиро қабул  карданро дорад. Ворисон вобаста ба шумораашон аз рӯи қонун бо ҳиссаҳои баробар меросро қабул мекунанд. Агар шартнома тартиб дода  шуда бошад ва дар васиятнома меросдиҳанда нишон дода бошад, ки кадом молашро ба кадом ворисаш васият кардааст,  он моли васиятшударо ворис қабул мекунад.

Ховар: Ҳангоми васият кардани тамоми молу мулк ба як ворис, дигар ворисон ҳуқуқи ин васиятро инкор ё бекор кардан доранд?

Н. Ҷабборова:  Ҳангоми тартиби васият аз ҷониби меросдиҳанда ба як ворис, дигар ворисон аз қабули мерос маҳрум мегарданд.  Фақат қонунгузор бо мақсади муҳофизати баъзе гурӯҳи шаҳрвандон метавонад васиятро бекор кунад. Яъне ҳастанд меросхӯроне, ки ба  васиятнома нигоҳ накарда,  ҳиссаи ҳатмиро дар мерос доранд. Ба ин гурӯҳ шаҳрвандон фарзандони ноболиғ ва фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки  ҳиссаи ҳатмӣ доранд, дохил мешаванд

Ховар: Ҳангоми ба расмият даровардани мерос шаҳрвандон ба кадом хатоиҳо бештар роҳ медиҳанд?

Н. Ҷабборова:   Албатта, дар масъалаи қабули мерос хатоӣ бештар ба чашм мерасад. Қонунгузор ҳангоми қабули мерос ду роҳи қабули меросро муайян мекунад. Якум, бо роҳи амалан ва бо роҳи ариза додан  ба идораи нотариалӣ  оид ба қабули мерос. Бо роҳи пешниҳоди ариза, ворис вобаста ба ҷои истиқомати охирини меросдиҳанда, ба идораи нотариалӣ ариза пешниҳод намуда, шаҳрванд меросро қабулкарда эътироф  мешавад. Дуввум, гарчанде ворис  ба идораи нотариалӣ муроҷиат накунад ҳам, амалан меросро  қабул менамояд. Яъне агар дар манзили истиқоматӣ  дар қайд ҳам набошад, вале манзилро нигоҳубину таъмир кардааст, андозу пардохтҳои заруриро сари вақт супоридааст. Чунин шахс  аллакай меросро амалан қабулкарда эътироф мешавад. Вай метавонад аз ин молу мулк истифода барад, ба ғайр аз тасарруф ва соқит кардан. Яъне вай ҳуқуқи меросро  ба касе фурӯхтан ва ё ҳадя карданро надорад,  то он даме, ки шаҳодатнома дар бораи ҳуқуқи меросро, чи аз рӯи васиятнома ва чӣ аз рӯи қонун нагирад. Хатоии дигар- ин ба идораи нотариалӣ оид ба расмият даровардани ҳуқуқҳои меросӣ муроҷиат накарда,   бо баҳонаи  гум кардани муҳлати қабули мерос шаҳрвандон ба суд муроҷиат мекунанд, ки ба худи  онҳо саргардонии зиёд меорад. Агар  шаҳрванд ба идораи нотариалӣ  аз ҷои истиқомат ҳуҷҷат дар мавриди он ки мерос амалан қабул шудааст, пешниҳод карда тавонад, нотариус метавонад  баъди чанд соле, ки шаҳрванд муроҷиат кунад, ба ӯ шаҳодатномаи ҳуқуқи меросӣ  дар асоси амалан қабул намудани мерос диҳад.  Бештари вақт ворисон мехоҳанд ҳисоби худро зиёд кунанд ва дар бораи мавҷуд будани дигар ворисон маълумот намедиҳанд.  Вазифаи нотариус ҳангоми суҳбат муайян намудани ворисон буда, тафтиши шумораи ворисон ба таври алоҳида бурда намешавад. Аз рӯи маълумоти ворисон ба ворисони муроҷиаткарда, шаҳодатнома дода мешавад.  Лекин дар бештари мавридҳо шаҳрвандон дар бораи шумораи ворисон маълумоти нопурра медиҳанд, ки ин дар оянда боиси мавриди баҳс қарор ёфтани шаҳодатнома, ки ба номи шаҳрванд дода  шудааст, мегардад ва он дар  суд бекор карда мешавад.

Ховар: Одамон  ҳангоми тасдиқи ҳуҷҷатҳо  дар бештари мавридҳо ба дасти қаллобон меафтанд. Чӣ бояд кард, то  чунин воқеаҳо рух надиҳанд?

Н. Ҷабборова:  Дар ин маврид бояд гуфт, ки шаҳрвандон танҳо ба мутахассисон бояд муроҷиат намоянд. Вазифаи нотариус-ин  додани маслиҳати ҳуқуқӣ аст. Дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ идораҳои нотариалӣ мавҷуд буда, шаҳрвандон барои  гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ  метавонанд ба он идораҳо муроҷиат намоянд. Пас аз гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ, корафтода ба ҷои лозимӣ муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои худро метавонад ба расмият дарорад. Пеш аз ба расмият даровардани ҳуҷҷат, албатта, бояд  ба идораҳои дахлдор муроҷиат намоянд, то ба дасти  қаллобон наафтанд.  Масъалаи  дигар ин бастани аҳдҳои рӯякӣ, масалан, шартномаҳои қарзӣ ё гарав, дар чунин ҳолатҳо  шаҳрванд ҳуқуқҳои худро худ поймол мекунад, зеро  дар ҷое, ки  муомилоти пулӣ, шартномаҳои қарзӣ, мондани гарав бошад, бояд  аҳдҳои зарурӣ  ба расмият дароварда, аҳдҳои рӯякӣ ба кор бурда нашаванд. Шартномаи гарав,  шартномаи хариду фурӯши манзили истиқоматӣ оқибати ҳуқуқии  худро дорад. Ҳангоми бастани шартномаи ҳариду фурӯш шаҳрванд аз ҳуқуқи соҳибмулкӣ маҳрум мегардад. Дар мавриди гарав бо иҷрои уҳдадориҳои қарзӣ дар ба амалбаровардани амалиёти нотариалӣ маҳдудият пеш меояд.

Ховар: Имрӯз бештари шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми ба хориҷа ба кор рафтан ҳуҷҷатҳояшонро тарҷума ва тасдиқ мекунанд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо  бояд ҳатман дар идораи нотариус тарҷума шаванд ё шаҳрванд ихтиёрӣ ба мутахассисон метавонад муроҷиат кунад?

Н. Ҷабборова:  Тарҷумаи ҳуҷҷатҳо ба таврӣ ихтиёрӣ ба амал бароварда мешавад.  Шаҳрвандон метавонанд ба мутахассисоне, ки тарҷумонанд, муроҷиат намоянд. Вале агар нотариуси давлатӣ забонеро, ки барои тарҷума лозим аст, донад, бо хоҳиши шаҳрванд, бевосита нотариус ҳуҷҷати лозимиро тарҷума карда метавонад. Дар ин маврид тарҷума аз ҷониби нотариус тасдиқ мегардад. Агар  шаҳрванд ба тарҷумон муроҷиат кунад ва ё нотариус забони тарҷумаро надонад, аз ҷониби нотариус танҳо тарҷума  дар ҳолати  аслияти имзои  тарҷумон дар ҳуҷҷат тасдиқ карда мешавад. Тарҷума аз ҷониби мутахассисон тарҷума шуда, ба идораи нотариалӣ  бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи забондонии  тарҷумон    бояд  пешниҳод шавад.    Ҳуҷҷати тасдиқкунанда   метавонад дипломи  донишгоҳҳои   забон бошад. Дар ин ҳолат   аслияти имзои тарҷумон тасдиқ карда мешавад.  Тарҷума  ва ҳуҷҷтҳои тарҷумашуда ба нотариус  пешниҳод ва ин амалиёт қонунӣ тасдиқ карда мешавад. Яъне, ин ҷо тасдиқи тарҷума аз тарафи нотариус ва   тасдиқи аслияти имзои тарҷумон дар ҳуҷҷат аз тарафи нотариус мавҷуд аст.

Ташаккур барои сӯҳбат                     

 Мусоҳиб Лайло Тоирӣ

Декабрь 10, 2015 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 феврал дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалии авиатсияи гражданӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб
Дар соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмон, саноат ва савдои шаҳри Ҳисор беш аз 5,4 ҳазор ҷойи нави кор таъсис ёфтааст
Онлайн-хизматрасонӣ: чӣ тавр метавон масъалаи мобилиро дар якуним дақиқа ҳал намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
13 феврал дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 11,3 ҳазор тонна мева ва хушкмева содирот намуданд
Дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи Шоҳмансур №3 ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо доир гардид
Пагоҳ дар Агентии омор, Бонки миллӣ, Палатаи ҳисоб ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад