Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ 102,9 фоиз таъмин шуд
Хуҷанд, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар 11 моҳи соли равон нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ ба андозаи 102,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1210,5 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 34,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 164,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳаллии вилояти Суғд ба ҷои 1093,3 млн. сомонӣ 1120,9 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 2,5 фоиз ё ин ки 27,6 млн. сомонӣ зиёд аст.
Қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 1069 млн. сомониро ташкил дода, бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки дорои хусусияти иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш беш аз 872,9 млн. сомонӣ маблағ равона шуданд, ки 81,6 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоятро ташкил медиҳанд. Бояд зикр намуд, ки барои дастгирии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ аз буҷети вилояти Суғд 71,5 млн. сомонӣ маблағ мақсаднок равона шудааст.
Дар ин давра ба суратҳисоби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 489,2 млн. сомонӣ андози иҷтимоӣ ворид шуда, нафақаи нафақахўрон пурра пардохта шуда истодааст.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






