Нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ 102,9 фоиз таъмин шуд

Декабрь 24, 2015 06:12

Хуҷанд, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). —   Дар 11 моҳи соли равон нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ ба андозаи 102,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1210,5 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 34,6 млн. сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 164,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳаллии вилояти Суғд ба ҷои 1093,3 млн. сомонӣ 1120,9 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 2,5 фоиз ё ин ки 27,6 млн. сомонӣ зиёд аст.
Қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ 1069 млн. сомониро ташкил дода, бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки дорои хусусияти иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш беш аз 872,9 млн. сомонӣ маблағ равона шуданд, ки 81,6 фоизи хароҷоти умумии буҷети вилоятро ташкил медиҳанд. Бояд зикр намуд, ки барои дастгирии буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои субвенсионӣ аз буҷети вилояти Суғд 71,5 млн. сомонӣ маблағ мақсаднок равона шудааст.
Дар ин давра ба суратҳисоби Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 489,2 млн. сомонӣ андози иҷтимоӣ ворид  шуда, нафақаи нафақахўрон пурра пардохта шуда истодааст.

Декабрь 24, 2015 06:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар