Нақши шахс, роҳбар дар таърих ва ҷомеа
Душанбе, 7.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақши шахс, роҳбар дар таърих ва ҷомеа» баргузор гардид. Дар он донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳҳои пойтахт, кормандони соҳаҳои гуногун ва занони фаъол иштирок намуданд.
Дар семинари омӯзишӣ раиси кумита, доктори илмҳои фалсафа, профессор Махфират Хидирзода, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти кафедраи «Фалсафа ва сиёсатшиносӣ» — и Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон Д. Хуморов дар атрофи масъалаҳои нақши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат ва ягонагии кишвар, таъмини ҳифзи манфиатҳои кишвар дар арсаи байналмилалӣ сухан гуфтанд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки муваффақияти Президенти мамлакат дар эътимод ва эътиқоди мардум аст, ки дар симои ин шахсияти таърихӣ сарвар ва пешвои воқеии худро мебинанд. Рушди бонизоми кишвар ин худ нишонаи он аст, ки сарвари сиёсӣ тавонист дар сиёсати худ татбиқи ҳадафҳои ҳаётан муҳимро дуруст муайян намояд, ки ин ба муваффақияти сарвар таъсири муҳим дорад.
Иштирокдорони семинар дар муҳокимаҳо иштирок намуда, ақидаҳои худро оид ба масъалаи махкур баён намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






